Қарори раиси ноҳияи Ашт “Дар бораи гузаронидани озмуни  ихтироъкорон ва  навоварони ҷавони ноҳия”

 3 724 боздид

«27»    марти соли 2017  №­­­­­­­­­­­148  ш.Шайдон

Оиди  қарори  Раиси  вилояти Суғд аз 28.02. 2017 сол, №85 «Дар  бораи гузаронидани озмуни ихтироъкорон ва  навоварони  ҷавони  вилоят»

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бо мақсади рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти ноҳия ва бахшида ба эълон гардидани «Соли 2017 – соли ҷавонон» қарор  мекунам:

  1. Озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони ноҳия дар самтҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экалогия, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерия, металлургия, кӯҳкорӣ, техникаю техналогия ва илмҳои табиатшиносӣ моҳҳои март – ноябри соли 2017 гузаронида шавад.
  2. Низомнома ва ҳайати гурӯҳи кории ташкил ва гузаронидани озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони ноҳия таъсис ва тасдиқ карда шавад.
  3. Ба шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, иқтисод ва савдо, маориф, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, Раёсати кишоварзӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот супорида шавад, ки барои тарғиб ва ҷалби фаъолонаи ихтироъкорон ва навоварони ҷавон ба озмун силсилаи тадбирҳоро амалӣ намоянд.
  4. Гурӯҳи корӣ вазифадор карда шавад, ки натиҷаҳои озмунро то санаи 20 сентябри соли 2017 ҷамъбаст намуда, хулосаи худро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пешниҳод намояд.
  5. Ба дастгоҳи раиси ноҳия супорида шавад, ки аз ҳисоби маблағҳои барои чорабинии варзишӣ пешбинигардида, баҳри баргузории озмун 1390 (ҳазору сесаду навад) сомонӣ ҷудо намояд (ГВБ 08101, ГИБ 2214.3).
  6. Назорати рафти таъмини иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷ.А., Ҷалилӣ А.А. ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Каримзода Х.К. гузошта шавад.

   Раиси ноҳияи Ашт

   З. Мирдадо

             

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.