Раиси ноҳияи Ашт аз заминҳои кишти пахта дидан намуд

 674 боздид

Имрӯз, 27 майи соли ҷорӣ, гурӯҳи корӣ бо сардории Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо заминҳои кишти пахта ва нашъунамои пахта аз ҷамоатҳои деҳоти Ориён ва Ашт дидан намуд.
Дар гурӯҳи корӣ Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои кишоварзӣ Расулзода Қафлон, раиси Кумитаи идораи замини ноҳия Ҳаётов Раҳматҷон, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Рафторҷон Муҳаммадиев, сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Иброҳимҷон Воҳидов, сардори бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Усмонов Мурод, раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, кишоварзони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, сардорони хоҷагиҳои пахтакор ва заминсозони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, аъзо буданд.
Тавре ба мо Рафторҷон Муҳаммадиев сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Рафторҷон Муҳаммадиев иттилоъ дод, мақсад аз санҷиши заминҳои кишти пахта дар ҷамоатҳои деҳоти Ориён ва Ашт, ин пеш аз ҳама тарзи дурусти кишти пахта, риоя кардани корҳои агротехникӣ, саривақт гузаронидани коркарди пахта, коркарди байниқатории пахта ва саривақт бо об таъмин намудани заминҳои пахта кишт шуда мебошад.
Зимни боздиди худ аз заминҳои кишти пахта Раиси ноҳия Зариф Мирдадо, дар хоҷагии деҳқонии “Пискокат” ва собиқ бригадаҳои 7 ва 8 -уми “хоҷагии ҷамоавии Худойқул Назаров” (ҳоло таҷдид шудааст)-и Ҷамоати деҳоти Ашт, нисбат ба дигар ҷамотҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, кам будани кишти пахта ва зиёд будани кишти беда ва гандум, коркарди пахта, саривақт бо нуриҳои минералӣ таъмин нашудани заминҳои кишти пахта, суст ба роҳ монда шудани коркарди байниқатории пахта ва омода набудани заминҳои кишти пахта, ки дар ту тарафи роҳи асосӣ ҷойгиранд эроди ҷиддӣ гирифта, ба масъулин ҷиҳати сарвақт бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта, дастуру супоришҳо дод.
Инчунин Зариф Мирдадо ба масъулини Ҷамоати деҳоти Ашт дастуру супориш дод, то дар паҳлуи кишоварзон истода, барои саривақт таъмин намудани оби полезӣ ба заминҳои кишти пахта ва сари вақт ҳал намудани мушкилиии кишоварзон расидагӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки ин санҷиш танҳо дар ду ҷамот набуда, дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гузаронида мешавад.
Мавриди зикр аст, ки тибқи нақша дар назар аст, санаи 30 май аз заминҳои кишти пахтаи Ҷамоати деҳоти Ошоба ва Пунук ва санаи 02 июн аз заминҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Понғоз ва Меҳробод, санҷиш гузаронида мешавад.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.