РАИСИ НОҲИЯИ АШТ БО КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ МУЛОҚОТ НАМУД

 388 боздид

Имрӯз дар Маркази саломатии ноҳия мулоқоти Раиси ноҳия бо кормандони соҳаи мазкур доир гардид. Вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир, кӯшишҳои ҳамаҷонибаи давлату ҳукумати кишвар, аз ҷумла ноҳияи Ашт ҷиҳати сарҷамъона ғолиб омадан бар ин вабои аср бозгӯ карда шуд.
—Рӯзҳое фаро расидаанд, ки то чӣ андоза ба касбу кор ва мардуми худ садоқатманд будани табибон муайян мешавад,—таъкид дошт Раиси ноҳия.
—Медонем, ки айни ҳол рисолати шумо боз ҳам муқаддастару бомасъулияттар гаштааст. Фаъолияти шумо дар ин лаҳзаҳои ҳассос бори дигар собит месозад, ки шумо ҳомиёни солимии миллат ҳастед. Имрӯз мардум беш аз пеш ба таваҷҷуҳу ғамхории шумо ниёз доранд. Як ҳарфу ҳиҷои хуш, муомилаи нек, ҳамдардии воқеӣ ба беморону шаҳрвандоне, ки ба шумо муроҷиат менамоянд, дар вақташ ва бо масъулияти баланд иҷро намудани вазифаи ба дӯшдошта, бепарвоӣ зоҳир накардан ба муроҷиату шикоятҳои беморон, барои солимии бардавоми онҳо бо тамоми ҳастӣ кӯшиш кардан ва баробари ин эҳтиёт намудани саломатии худ—ҳамин аст, вазифаи асосии шумо.
Мардум бояд дарк намоянд, ки безарурат ба кӯча набаромадан, дар хона мондан, риояи ҳатмии қоидаву тавсияҳои мутахассисон, дар вақти беморӣ ҳатман муроҷиат кардан ба табибон, бо карантини хонагӣ фаро гирифтани донишҷӯёну наздиконе, ки аз дигар минтақаҳо ба ноҳия ворид шудаанд, дар ҷойҳои серодам ҳатман истифода бурдан аз ниқобҳо боиси пешгирии бемории мазкур ва саривақт паси сар намудани пандемия аст.
Раиси ноҳия ҷиҳати таъсиси Маркази маслиҳати машваратӣ дастур дод. Имрӯз, ки муроҷиати шаҳрвандон ҷиҳати гирифтани маълумот ва бозгӯи саломатиашон зиёд аст, бо таъсиси чунин марказ, тариқи телефон метавон маслиҳатҳои муфиду саривақтӣ дод.
Қайд карда шуд, аз ҷониби МИҲД-и ноҳияи Ашт ҷиҳати пешгирии бемории сироятии Ковид-19 тадбирҳои мушаххас таҳия ва роҳандозӣ шуда истодааст ва роҳбарияти ноҳия дар самти дастгирии табибони ҳозиқ, табобати саривақтии беморон ва шароити мусоиди тиббӣ тамоми имконияту чораҳоро амалӣ месозад. Имрӯз тамоми фаъолият баҳри пешгирии ин беморӣ ва гирифтани роҳи паҳншавии он равона шудааст.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.