Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт санаи 4-уми июли соли ҷорӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ барои таъмиру тармими ҷории роҳи Ашт-Хуҷанд як миллион сомонӣ маблағ ҷудо намуд.
Ин маблағ бо мақсади хуб намудани ҳолати роҳи Ашт-Хуҷанд ҷудо гардидааст. Рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ дар роҳи Ашт-Хуҷанд оғоз меёбад.
Раиси вилоят ҳамзамон барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиии ҷамоати деҳоти Пунук 5 тонна сӯзишворӣ ҷудо намуд.
Хотирасон менамоем, ки барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиии моҳи апрел ва майи соли ҷорӣ аз тарафи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 25 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд.