Расулзода Қафлон Мансурӣ

Расулзода Қафлон Мансурӣ

6 майи соли 1959 дар ноҳияи Ашт ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Баъди хатми мактаби миёна соли 1983 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис–механик хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатияшро соли 1976 оғоз намуда, дар вазифаҳои гуногуни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Ашт адои вазифа намудааст. Аз моҳи июли соли 2016 ба вазифаи муовини якуми раиси ноҳия интихоб гардида, то ҳол дар ҳамин вазифа фаъолият мекунад. Оиладор, соҳиби се фарзанд.