“Регар-ТадАЗ” тими “Ашт”-и ноҳияро шикаст дод

 879 боздид

Имрӯз, 14-уми феврали соли ҷорӣ дар варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода тими “Ашт”-и ноҳияро бар ҳисоби 6:2 шикаст дод. Дар ин бора аз Федератсияи футболи ноҳия иттилоъ доданд.

Футболбозони ноҳия ба даври ниҳоии мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳхат гирифта, дар аввалин бозӣ аз дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода шикаст хӯрданд.

Ёдовар мешавем, ки санаи 16-уми феврал тими ноҳия бо дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.