Рисолати ҳамсоягӣ ҷангу хунрезӣ нест!

 472 боздид

Ҳодисаи шоми 16-уми сентябр рӯхдода дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сокинони мамлакатро андӯҳгин намуд.
Бар асари нооромӣ дар марз дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача се тан ҳамватанони мо барои ҳимояи марзу буми кишвар мубориза бурда, дар роҳи ҳимояи Ватан қаҳрамонона ҳалок гаштанд. Ин садоқатмандии ҳамватанонамон фаромушношуданист.
Боиси таассуф аст, ки ҷониби Қирғизистон ҳамеша бо омодаи пешакӣ нооромиро ба вуҷуд меоранд ва дарҳол тариқи расонаҳои хабарӣ бо паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ Тоҷикистонро гунаҳкор мекунанд. Аммо он чӣ аён ҳоҷат ба баён нест! Ин амали хиёнаткоронаи қирғизҳо чандин маротиба такрор гардида истодааст, ки боиси нигаронист.
Барои хуни рехтаи се тан афсарону сарбозон ки ҷавоб медиҳад? Оё қирғизҳо халқи чашмгуруснаанд, ки ҳар бор бо мо даъвои марз мекунанд? Дар ҳоле, ки мо дар замини давлати худамон менишинем чӣ ҳақ доранд, ки барои сохтмони бино масолеҳро бар ҳудуди Тоҷикистон меоранд?
Бояд ба хуни рехтаи ҷигарбандони тоҷик ва ғайриқонунӣ ворид гардидан ба марзи Тоҷикистон ҷавоб гӯянд. Рисолати ҳамсоягӣ ҷангу хунрезӣ нест, қирғизҳои манфиатхоҳ!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.