Санаи 13 ноябр дар муассисаи таълимии рақами 13 деҳаи Хиштхонаи Ҷамоати деҳоти Понғоз вохӯрии мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Ашт, Обода Каримӣ ва намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо фаъолзанони Ҷамоати деҳоти Понғоз оид ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати Нерӯгоҳи барқии обии Роғун баргузор гардид.
Обода Каримӣ, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Ашт зимни баромади худ иброз дошт, бунёди Нерғгоҳи барқи обии Роғун оимили рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар буда, на танҳо равшангари рӯзгори мо, балки ояндаи дурахшони мо хоҳад шуд.
-“Роғун – воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон мебошад”.
Дар охир чанд тан аз иштирокдорон изҳори хушнудӣ намуданд, ки ба истифода додани чархаи аввали НБО-и «Роғун», воқеаи таърихӣ буда, сохтмони аср ба шумор меравад. Ба корандозии чархаи аввали НБО-и «Роғун» дили хурду калонро фараҳу шодӣ бахшидааст.