Рӯшании ГЭС-и бузург, рӯшанибахши дил бувад

 505 боздид

Ваҳ чӣ хушо, хушхабаре, муждаи ноб омадааст,

Роғуни мо чарх занад, навбати тоб омадааст.

Шӯъла занад чу офтоб, хонаи тоҷикон хушо,

Гардиши чархи НОБ-и мо, ҳамраҳи об омадааст.

Сархушу мастона равад, қувваи оби барқи мо,

Об ба чархи оҳанин, масти шароб омадааст.

Шодӣ фузун шавад аз он, шаҳру диёри бандаро,

Мардуми кӯҳнишини ман, бо табу тоб омадааст.

Рӯшании ГЭС-и бузург, рӯшанибахши дил бувад,

Нури дурахшон чӣ хушо, бин ба шитоб омадааст.

Сими ҳавоӣ з-он макон, хона ба хона меравад,

Кӯҳ ба кӯҳу дашт ба дашт, баҳри савоб омадааст.

Шоми Ватан ба сӯбҳидам, даст ба дасти ҳамдигар,

То шаби тира бачаҳо, рӯ ба китоб омадааст.

Пиру ҷавони меҳанам, аз ғами торикӣ раҳад,

Равшании кӯлбаи мо, то дами хоб омадааст.

Тирагиҳои шаб гузашт, навбати шӯълапошӣ аст,

Маҳв намо торикиро, вақти ҷавоб омадааст.

Нерӯгаҳи барқии мо, кори худ оғоз кунад,

Ҳамватано, муборак ид, партави НОБ омадааст.

Бингар аё Мақсудалӣ, шеваи созандагиро,

Раҳмати халқаш аҷабо, сӯи ҷаноб омадааст.

                         Мақсудалӣ МУҲАММАДАЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.