РӮЗИ ЁДБУДИ БАРТАРАФКУНАНДАГОНИ САДАМАИ НЕРӮГОҲИ БАРҚӢ-АТОМИИ ЧЕРНОБИЛ ДАР НОҲИЯ

 341 боздид

 

Имрӯз, санаи 22-уми апрели соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинӣ доир ба Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ташкил ва баргузор гардид.

Чорабинӣ таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода баргузор гардида, дар он муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирон ва кормандони шуъбаву бахшҳо, иштирокчиёни бартарафкунандагони оқибатҳои садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил аз ноҳия, ҳамсарони бесаробонмондаи марҳум бартарафкунандагони ин садама ва фаъолон иштирок намуданд.

Дарвоқеъ, 39 сол қабл, яъне  26 апрели соли 1986 дар Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил фалокате рух дод, ки дар таърихи инсоният мудҳиштарин маҳсуб меёбад. Дар натиҷаи ин садамаи мудҳиш ва таркиш дар бахши чоруми истгоҳи нерӯгоҳ моддаҳои радиоактивӣ ба садҳо ҳазор километри мураббаъ паҳн гашта, бо ин фалокат ба қисмати миллионҳо нафар сокинони маҳаллии Ҷумҳурии Украина, Беларус, Россия ва дигар кишварҳои ба ин давлатҳо ҳамсоя паёмадҳои ногувори ҷисмонии ба саломатӣ хатарнок ва экологӣ  расонид.

Дар бартарафсозии оқибатҳои ин садама бино ба иттилои расмӣ аз кишвари мо 1900 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла аз ноҳияи Ашт 10 нафар иштирок намуданд. Бар осеби ҷиддии радиатсионӣ ба саломатӣ дар ин муддат 4 нафар ҳамдиёрони мо вафот карданд.

Мардонагию шуҷоат ва фидокории садҳо ҳазор бартарафсозандагони  оқибатҳои садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил  дар ёдҳо абадан боқӣ хоҳанд монд, зеро онҳо ҳаёт ва саломатии худро зери хатар гузошта, паҳншавии минбаъдаи партовҳои ҳалокатовари радиоактивиро пешгирӣ карданд.

Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода дар суханронии худ қайд намуданд: “Садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил дар дили ҳар як инсон нақш ва фоҷиаи умумибашарӣ гузошт, вале он нишон дод, ки нерӯи ваҳдат, ҳамдастии якдигар қодир аст, ки ҳама мушкилотро паси сар намояд. Аз сӯҳбати иштирокдорони ин садама ва намоишу барномаҳои телевизионӣ бармеояд, ки бартарафнамоии ин садама кори осон набуд. Дар бартарафсозии ин ҳодисаи мудҳиш дар қатори дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, аз ноҳияи мо низ 10 нафар ҷавонон бо амри дилу виҷдон ва шуҷоату мардонагӣ иштирок намуданд. Ин ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар бо амали худ нишон доданд, ки барояшон амнияти башар, ободию тинҷии Ватан арзиши воло ва мақсаду мароми ҳаёт мебошад. Мутаассифона, бо вуҷуди чунин душвориҳо, ин садамаи мудҳиш дар тӯли чандин солҳо бартараф карда шуд, вале доғу осори он то ҳол дар ҳаёту фаъолияти иштирокчиёни бартарафнамои оқибатҳои он аз байн нарафтааст. Мо имрӯз ба Шумо — чернобилчиён ифтихор дорем, ки бо истифода аз сабақу корнамоиҳои падару бобоёни хеш дар бартарафсозии садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил иштирок намуда, бо ин кору пайкор ба наслҳои ҷавон ҳамеша роҳнамои зиндагиву фаъолият боқӣ мемонед. Ҷасурию мардонагии Шумоён барои ҷавонони мо ин як дарси ҳаёт аст”.

Раиси ҷамъияти “Иттифоқи Чернобил” дар ноҳияи Ашт Т.Исоматов аз номи иштирокдорони ин садама барои таваҷҷӯҳу дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар фарҷом аз ҷониби Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ба иштирокдорони бартарафкунӣ ва ҳамсарони бесаробонмондаи марҳум иштирокдорони фавтида кӯмаки яквақтаинаи пулӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда, якчанд нафарон бо медалҳои ҷашнӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Барои онҳо дар Маҷмааи фарҳангӣ – фароғатии “30-солагии Истиқлол” дастурхони идона ороста шуд.

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.