Сад ранги чакан дар Ашт

 990 боздид

Имрӯз, 24 апрел, дар тӯйхонаи “Бахт”-и шаҳраки Шайдон, чорабинӣ бахшида ба истиқболи солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, таҳти унвони “Сад ранги чакан”, бургузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия Обода Каримӣ, намояндаи Шӯрои занон оид ба таҳкими сулҳ ва сулҳоварӣ дар назди Кумитаи занон ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Гулбаҳор Маликзода, ҳунармандони ноҳия, омӯзгорон ва ҷавондӯхтарон иштирок доштанд.
Обода Каримӣ мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия, тавре ба мо иттилоъ дод, баргузории фестивали “Сад ранги чакан” имконият медиҳад, паҳлуҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунарӣ ва чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллиро кашф ва эҳё намуда, мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гирад.
Аниса Ҷалилӣ муовини Раиси ноҳияи Ашт оид ба масаълаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, миннатдории худро ба тамоми ширкаткунандагон расонида иброз дошт, ки бонувони ҳунарманди ноҳия, фаъолияти тарроҳию дӯзандагии худро ишкишоф дода, дар оянда барои бунёди корхонаҳои хурди дӯзандагиву истеҳсолӣ саҳми худро гузоранд.
Дар охир ба як қатор бонувони ҳунарманди ноҳия аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали мазукр бо фарогирии тамоми манотиқи кишвар, аз рӯи 6 бахш доир карда шуда, дар 3 давр гузаронида мешавад. Даври аввал бо муайян намудани беҳтарин чакандӯз, сӯзанидӯз, тарроҳ дар шаҳру ноҳия, даври дуюм дар вилоятҳо ва даври сеюм дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад.
Мавриди зикр аст, ки барномаи ҳунарии ҳар як минтақа дар ҳудуди 15 дақиқа бо фарогирии намоиши мавзӯӣ, аз эҷодиёти халқ, суруду таронаҳои халқӣ, фолклору бадеҳа, сурат мегирад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.