Санаи 17 марти соли равон муовини Раиси вилояти Суғд Рустам Каримзода, бо сафари корӣ ба ноҳияи Ашт омад ва аз рафти кори кишоварзони ноҳия дидан намуд.
Рафторҷон Муҳаммадиев сардори Раёсати кишоварзии ноҳия, ба мо иттилоъ дод, мақсад аз сафари муовини Раиси вилоят ба ноҳия ин аз рафти корҳои саҳроӣ дидан намуда, ба кишоварзон маслиҳатҳои муфид ҷиҳати парвариш ва нашъунамои пахта ва пешбурди соҳаи кишоварзӣ мебошад. Инчунин Рустам Каримзода муовини Раиси вилояти Суғд, аз рафти корҳои омодагии шабакаҳои обкашӣ дар ноҳия боздид ба амал овард.
Ёдовар мешавем, ки бо иштироки Рустам Каримзода муовини Раиси вилояти Суғд, дар хоҷагии деҳқонии ба номи “Шодмон-ота”-и Ҷамоати деҳоти Ориён, дар масоҳати 3 га пахта кишт карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки соли сипаришуда, дар ҳудуди ноҳия ба майдони 6212 гектар пахта кишт гардида, тибқи ҳисоби пешакии мутахассисони Раёсати кишоварзии вилояту ноҳия 9720 тонна дурнамо пешбинӣ шуда буд. Санаи 2 октябри соли 2018, нақша беш аз 105 дарсад иҷро гардида, аз ҷониби мутахассисони Раёсати кишоварзии вилоят барои ноҳияи Ашт беш аз 4 ҳазор тонна уҳдадорӣ муайян карда шуда буд. Аввалин шуда, пахтакорони ноҳия беш аз 14 ҳазору 30 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ намуданд, ки зиёда аз 150 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.