Сафари кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода ба ноҳияи Ашт

 1 167 боздид

Санаи 14 марти соли ҷорӣ гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳакимзода Қурбонбой, Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон, муовини Раиси вилояти Суғд Хоҷазода Ориф ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.

Нахуст гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷамоати деҳоти Ашт ташриф оварда, аз корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Аштсой дидан намуданд.

Баъдан дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо иштироки раисон, заминсозон, мутахассисони кишоварзии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, раисони кумитаи маҳаллаҳои дар соҳили сой воқеъ буда, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар фаъолон оид ба масъалаҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, корҳои омодагӣ дар истгоҳҳои обкашӣ ва соҳаи кишоварзӣ ҷаласа доир гардид.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфта зикр дошт, ҳайати гуруҳи корӣ аз корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷамоати деҳоти Ашт дидан намуда, доир ба масъалаи мустаҳкам намудани соҳили сойҳо, баҳри рушди соҳаи кишоварзии ноҳия дастуру тавияҳои зарурӣ пешниҳод намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода оид ба масъалаи амнияти озуқаворӣ дар ноҳия аз масъулини соҳаҳо пурсиш намуда, минбаъд барои хубтару дурусттар ба роҳ мондани фаъолият дар ин самт як қатор дастуру супоришҳо ва иҷрои саривақтии ҳалли муаммоҳои ҷойдошта  вазифагузорӣ намуд.

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳакимзода Қурбонбой дар баромади худ қад кард, ноҳияи Ашт 50 га нақшаи иҷрои дурнамои кишти картошкаи  барвақтӣ дошт, аммо дар ҳолати гузаронидани ченаки назорати кишт ба санаи 1 марти соли ҷорӣ  мушоҳида карда шуд, нисбати дурнамо 29 га кам мебошад.

Дар охир Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба масъулини Раёсати кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо назардошти тавсия ва таклифу эродҳо дастуру супоришҳо дод, то нақша-чорабинӣ тартиб дода, иҷрои онро саривақт таъмин кунанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.