САФАРИ КОРИИ НАМОЯНДАГОНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО МАҚСАДИ ТАҚВИЯТИ САМАРАБАХШИИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ АШТ

 157 боздид
Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидани рафти ҷамъоварии ҳосили пахта ва таъмини нишондоди маҷмӯи маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар 8-моҳи соли равон намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода истодаанд.
Дар ин навбат, тибқи нақшаи ҷадвали муқарраргашта ба ноҳияи Ашт санаи 2-уми сентябри соли ҷорӣ муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ Маҳмадулло, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Агролизинг”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамзода Юсуф Акрам, муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ ва корманди масъули Корхонаи воҳиди давлатии “Агролизинг” –и Ҷумҳурии Тоҷикистон Бегов Нусратулло ташриф оварданд.
Дар ҷараёни сафари корӣ аз рафти корҳои саҳроӣ ва ҷамъоварии ҳосили руёнидашуда, ҳолати коркарди агротехникии кишт ва парвариши оптималии зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки обу замин ва боздеҳи он, кишти такрории зироатҳо, таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ ва рушди соҳа, мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дар соҳа ва ғайра дидан намуданд.
Баъди боздид аз ҳолати корҳои болозикр, аз ҷумлаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонии ноҳия ҷаласаи корӣ дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт баргузор гардид.
Дар ҷаласаи корӣ роҳбарони воҳидҳои сохтории соҳаи комплекси агросаноатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мутахассисони кишоварзии ҷамоатҳо, идораи давлатии хоҷагии об, роҳбарони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва дигар масъулону намояндагони сохторҳои марбутаи ноҳия иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода дар оғози суханронӣ дар ин ҷаласа ба ташрифи гурӯҳи корӣ ба ноҳияи Ашт ва иштироки онҳо дар ҷаласаи корӣ хайрамақдам гуфтанд.
Дар ҷаласа муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ Маҳмадулло, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Агролизинг”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамзода Юсуф Акрам, муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ баромад ва суханронӣ намуданд.
Дар суханрониҳо натиҷаҳои ибратбахш дар як қатор бахшҳои соҳаи кишоварзии ноҳия қайд карда шуда, дар баробари ин андешидани тадбирҳои амалиро ба ислоҳи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта зарур шумориданд.
Дар ин бора, аз масъулони соҳа ва роҳбарони воҳидҳои сохтории соҳа пурсиш ба амал оварда, зикр намуданд, ки дар маҷмӯъ лозим аст, ки барои саривақт ва беталаф бо истифода аз обу ҳавои мусоид ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтаи руёнидашуда дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонӣ дар мавсими имсола, сафарбаркунии муташаккилонаи саҳмдорону аъзоёни хоҷагиҳо, ёрдамчиёну ҳашарчиён, ташкили бригадаҳои зарбдор аз ҳисоби занону бонувон, ҷавонон, иҷрои пурраву барзиёди дурнамои ҳамаи намуди зироатҳои кишоварзӣ, алалхусус ғалладона, картошка, сабзавот ва пахта, ба маълумотҳои оморӣ ворид намудани ҳамаи нишондиҳандаҳои соҳаи растанипарварӣ ва чорводорӣ ва дигар масъалаҳои марбут тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда, бо ин нишондиҳандаи мусбии бахшҳои мухталифи соҳа таъмин карда шаванд.
Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода итминон карданд, ки бо сарҷамъӣ ва фаъолияти самарабахш ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои гузошташуда чораҳои таъхирнопазир андешида шуда, бо натиҷаҳои хуби меҳнатӣ натиҷаҳои ниҳоии нишондиҳандаҳои истеҳсолиро ҷамъбаст менамоянд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ НОҲИЯИ АШТ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.