Сафари кории Ориф Хоҷазода ба ноҳияи Ашт

 814 боздид

Санаи 24 июли соли равон тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, бо роҳбарии муовини Раиси вилояти Суғд як гурӯҳ мутахассисони соҳаи пахтакорӣ, барои шинос шудан бо рафти кишти пахта ва нашъунамои он ба ноҳияи Ашт сафар намуданд.

Мутахассисони соҳаи пахтакорӣ ба заминҳои кишти пахтаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия рафта, аз рафти нашъунамои пахта, тоза кардани заминҳои пахта аз алафҳои бегона ва захираи хошок дидан намуданд.

Нимаи дуюми рӯз дар шипанги саҳроии хоҷагии деҳқонии “Рахшона” маҷлиси васеъ бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Хоҷазода Ориф Ашӯр, Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии ноҳия, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Бобозода Хайрулло, масъулини Раёсати кишоварзии ноҳия, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, сармутахассис ва мутахассисони соҳаи кишоварзии ноҳия, гузаронида шуд, ки дар он мутахассисон хулосаи худро ҷиҳати гузаронида шудани коркарди пахта, аз алафҳо тоза намудани пахта, захираи нуриҳои минералӣ ва захираи хошок дар ноҳия гуфта, ба масъулин аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти хоҷагиҳо доир ба беҳтар намудани таъминот бо обдар заминҳои кишти пахта, дастуру супоришҳо дода шуд.

Тавре ба мо сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Рафторҷон Муҳаммадиев иттилоъ дод, мақсад аз сафари меҳмонон ба ноҳия ин аз рафти корҳои саҳроӣ дидан намуда, ба кишоварзон маслиҳатҳои муфид ҷиҳати парвариш ва нашъунамои пахта ва пешбурди соҳаи кишоварзӣ баён намуд.

Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия дар майдони 6210 га замин пахта кишт кардаанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.