Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Ашт

 1 077 боздид

2 октябри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба хотири шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷараёни ҷамъоварии ҳосили пахта, омодагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Ашт сафари корӣ намуд.

Сараввал Раиси вилоят ба хоҷагии деҳқонии «Судҷа» ташриф оварда, ба фаъолияти аҳли хоҷагӣ ва ҳашарчиён шиносоӣ пайдо кард. Раиси вилоят аз вазъи ташкили хуби кор ва сафарбар намудани чинакчиён ба ҷамъоварии ҳосили бо ранҷ парварида изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам ҷоннок намудани ҷамъоварии ҳосил, ҳавасмандии чинакчиён дастурҳои муфид дод.

Бино ба иттилои раиси хоҷагии деҳқонии мазкур Абдулҳақ Муфтоев хоҷагӣ дорои 360 гектар замини пахта буда, 106 нафар саҳмдоронро фаро мегирад. Барои чинакчиён ҳамаи шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, онҳо бо ҷойи хоб ва хӯроки гарм таъминанд. Аҳли хоҷагӣ ният доранд беш аз 850 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, саҳми худро дар таъмини нақшаи пахтасупории ноҳия ва вилоят гузоранд.

Масъулини хоҷагӣ изҳор доштанд, ки соли равон дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа баҳри кишти навъҳои серҳосил ва ба минтақа хос ва пешгирии ҳар гуна ҳашароти зараррасон эътибори зарурӣ дода шуд.

Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия ва хоҷагидорон дастур дод, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид бо ҷалби саҳмдорон ва сокинони маҳаллӣ ба ҷамъоварии ҳосил вусъати тоза бахшида шуда, маблағи пахтаи чидашуда саривақт пардохт гардад.

Боиси зикр аст, ки дар хоҷагии мазкур беш аз 500 нафар ҳашарчиён аз шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол ба пахтакорон дасти мадад мерасонанд.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.