Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Ашт

 1 277 боздид

Имрӯз, 4-уми июл Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо сафари якрӯзаи корӣ ба ноҳияи Ашт ташриф оварда, аз корхонаи ҶСК “Кони намаки Ашт”, мавзеи аз офати табиӣ зарардидаи ҷамоати деҳоти Пунук, аз рафти сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ ва аз вазъи шароити сарбозони ҷамоати деҳоти Пунук, хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, аз он ҷумла ҶДММ “Рахшона” дидан кард.

Нахуст Раиси вилоят аз фаъолияти корхонаи ҶСК “Кони намаки Ашт” дидан карда, бо фаъолияти он шинос гардид.  Дар корхонаи ҶСК “Кони намаки Ашт” намаки ёдноккардашудаи ошӣ истеҳсол карда мешавад. Иқтидори корхона қодир ба он аст, ки дар як сол то 20 ҳазор тонна намакро истеҳсол намояд. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар истеҳсол кардани намаки ошӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ кардани он  ба масъулин дастуру супориш дод.

Дар идома Абдураҳмон Қодирӣ мавзеи аз офати табиӣ зарардидаи ҷамоати деҳоти Пунукро дидан намуд. Маълум гардид, ки офати табиӣ ба 11 манзили истиқоматии сокинони ҷамоати деҳоти Пунук қисман зарар расондааст. Сел ҳамзамон 3 километр роҳ ва 55 замини наздиҳавлигиро қисман вайрон карда, як кӯпруки маҳаллаи Толонакро пурра корношоям намудааст. Офати табиӣ  ду автомашинаи сабукрави сокинони ин ҷамоатро низ бо худ бурдааст. Раиси вилоят зимни боздид ба 11 оила кӯмакпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро тақдим намуд.

Дар ҷамоати деҳоти Пунук Абдураҳмон Қодирӣ аз рафти сохтмони бинои дидбонгоҳи сарҳадӣ дидан карда, ҳамзамон бо шароити зисти сарбозон шинос гардид.

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз фаъолияти Хоҷагии деҳқонии ҶДММ “Рахшона” дидан намуда, бо  кишти пахта шинос шуд. Хоҷагии деҳқонии ҶДММ “Рахшона”  аз 414 гектар замин иборат буда, 302 гектарро замини пахта, 47 гектарро ғаладона, 63 гектарро ючонқа ва 2 гектарро маҳсулоти полезӣ ташкил медиҳад. Раиси вилоят барои рӯёнидани ҳосили баланди пахта ба сардори хоҷагӣ Шӯҳрат Мамадҷонов маслиҳатҳо дод.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.