САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БА НОҲИЯИ АШТ

 565 боздид

ДАР НОҲИЯИ АШТ БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВУСЪАТ МЕЁБАНД
12 июни соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва рафти корҳои саҳроӣ ба ноҳияи Ашт сафар кард.
Боиси зикр аст, ки дар ноҳияи Ашт дар доираи иқдоми 1300 рӯзи ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти гуногун идома дошта, сокинони ноҳия барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни таърихӣ заҳмат кашида истодаанд.
Яке аз чунин иншооти ҷашнӣ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 дар деҳаи Понғози Ҷамоати деҳоти Понғоз аст, ки бо ҷалби соҳибкорон барои 620 хонанда сохта мешавад.
Тавре зимни шиносоӣ ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, лоиҳаи бино аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и ноҳияи Ашт таҳия гардида, маблағи умумии корҳои сохтмонӣ зиёда аз 12 млн. сомониро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии иншоот 1442,9 метри мурабаъ буда, иншоот аз се ошёна иборат мебошад.
Иншооти дигари ҷашнӣ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 дар шаҳраки Шайдони Ҷамоати шаҳраки Шайдон аст ва он аз тарафи Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд барои 360 хонанда сохта мешавад.
Лоиҳаи бино аз тарафи ҶСК «Суғд-Интис» омода шуда, сохтмони онро ҶДММ “Парвина”-и ноҳияи Ашт бар уҳда дорад. Маблағи лоиҳавии иншоот зиёда аз 8 млн. 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва масоҳати умумии он 486 метри мураббаъ аст. Бинои нав сеошёна буда, дорои толори варзишӣ ва ошхона мебошад.
Раҷаббой Аҳмадзода аснои шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ иброз дошт, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила биноҳои нави таълимӣ бунёд гардида, барои таълиму тарбияи насли наврас шароитҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон фароҳам оварда мешавад.
Таъкид гардид, ки аҳли маорифро зарур аст дар тарбияи насли ҷавон аз имкониятҳо самаранок истифода бурда, ба сатҳи забондонии наврасону ҷавонон ва тарбияи тафаккури техникии онҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Сипас, Раиси вилоят дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон сохтмони майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят буда, тибқи лоиҳа масоҳати умумии майдон 0,93 гектарро ташкил менамояд. Лоиҳаи иншоотиро кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и ноҳияи Ашт омода намуда, корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ “Ашти калон”-и ноҳияи Ашт ба зимма доранд.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид барои вусъати корҳои сохтмонӣ ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ба масъулин тавсияҳо дод.
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД АЗ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ АШТ
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт рӯзи 12 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт боздид намуда, бо кормандони соҳаи тиб мулоқот орост.
Раиси вилоят дар аснои мулоқот иброз дошт, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми муассисаҳои тиббӣ лавозимоти зарурии тиббӣ ва маводи доруворӣ дастрас гардида, кормандони соҳаи тандурустӣ бо ҳисси баланди масъулият барои табобати беморон фаъолият намуда истодаанд. Табибони ноҳияи Ашт низ дар рӯзҳои мушкил пурсамар фаъолият карда, барои таъмини солимии ҷомеа шабонарӯзӣ заҳмат кашиданд, ки ин боиси таҳсин мебошад.
Бино ба иттилои масъулин Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт дорои 490 кат, аз ҷумла 310 кати табобатӣ дар беморхонаи марказӣ ва 180 кат дар зерсохторҳои муассиса мебошад. Дар беморхона шуъбаҳои қабул, эҳё, амрози дил, амрози асаб, амрози дарунӣ, ҷарроҳӣ, гӯшу гулӯ ва бинӣ, бачагона, осебшиносӣ ва раддодӣ, таваллуд, амрози навзодон ва ташхисгоҳ мавҷуд мебошад.
Ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки айни ҳол дар муассисаҳои бистарикунонии ноҳия 80 нафар духтурон ва 375 нафар ҳамширагони шафқат фаъолият менамоянд. Бо мақсади сари вақт ба муолиҷа фаро гирифтани гирифторони бемориҳои сироятӣ дар шуъбаи бемориҳои дарунии беморхонаи марказии ноҳия катҳои махсус омода карда шудааст.
АШТ:2720 ТОННА МЕВАИ ТАР БА ХОРИҶИ КИШВАР СОДИРОТ КАРДА ШУД
12 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт рафти ҷамъоварӣ, коркард ва содироти меваи зардолуро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Раиси вилоят аз ҷумла аз хоҷагии деҳқонии “Дурахшон” боздид намуд. Хоҷагии деҳқонӣ дорои 20 гектар замин аст ва дар ҳамаи замини дар ихётиёрдошта боғи зардолу ташкил карда шудааст. Навъҳои “Мирсанҷалӣ” ва “Исфарак”, ки дар ин хоҷагӣ парвариш меёбад, харидорони сершумори худро дорад.
Дар идома Раиси вилоят бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Зардолу ва К” шинос шуд. Дар корхона 55 нафар ба кор ҷалб гардида, то имрӯз тавассути ин ширкат 1350 тонна мева содирот гардидааст.
Бояд зикр кард, ки боғпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромад маҳсуб ёфта, дар парваришу нигоҳубини боғоти зардолу боғдорони ноҳияи Ашт таҷрибаи калон доранд. Маҳз бо заҳмату талоши боғдорони ноҳия ҳамасола садҳо тонна меваҳои шаҳдбори ноҳия ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.
Имсол низ ин анъанаи нек идома ёфта, то санаи 12 июни соли ҷорӣ аз ноҳия 2720 тонна меваи тар тавассути 160 автомашина ба хориҷи кишвар содирот шудааст. Аз ҷумла, 2687 тонна зардолу ва 33 тонна гелосу олу ба Федератсияи Россия ирсол гардидааст. Айни замон боз 5 автомашина вориди ноҳия шуда, барои содирот мева қабул карда истодааст. Илова бар ин тавассути автомашинаҳои боркаши хурд ҳамарӯза то 20 тонна меваи тар бо нархҳои аз 1,5 сомонӣ то 2,5 сомонӣ ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳо бароварда шуда, то имрӯз наздик 500 тонна, аз ҷумла 453 тонна зардолу ба фурӯш рафтааст.
Ҳамзамон ширкатҳои истеҳсолӣ низ барои харидории меваҳои шаҳдбори ноҳия ҳавасманд буда, аллакай корхонаи “Оби зулол” барои истеҳсоли афшура 22 тонна зардолу харидорӣ кардааст.
Раиси вилоят ба фаъолияти боғдорону ширкати истеҳсолӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати бештар намудани содироти маҳсулот, сари вақт ба анҷом расонидани чиниши меваҷот, таъмини бозорҳои вилояту ҷумҳурӣ бо меваҳои тару тоза дастуру супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.