Санаи 18 марти соли равон боздиди роҳбарияти ноҳияи Ашт аз деҳаи Пунук, маҳаллаи Қуруқ оғоз гардид, ки дар он ҷо дар радифи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд оид ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, оқилонаю сарфакорона истифода бурдани ҳар порчаи замин ва ташкили боғҳои нав аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Содиров Самадҷон дар марҳилаи аввал як ҷоҳи амудӣ барои ташкили 40 гектар боғоти зардолу ва хуч пешбинӣ шудааст, кофта мешавад. Соҳибкор ният дорад, дар оянда боз як чоҳи амудӣ кофта, боз 40 гектар заминҳои бекорхобидаро ба гардиши кишоварзӣ ворид намуда, саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ дастрас намудани меваҳои тару тоза гузорад.
Баъдан роҳбарияти ноҳия ба МТМУ №24 деҳаи Сари Ҳавз ташриф оварда, аз ҷойи сохтмони толори варзишӣ ва майдончаи сунъии футбол, ки аз ҷониби соҳибкори дигари маҳаллӣ Қодиров Маъмур хатмкунандаи ҳамин муассиса сохта ба истифода дода мешавад, боздид намуданд.
Инчунин Раиси ноҳия аз МТМУ № 23, деҳаи дурдасти Жамоат, деҳаи Сари Пул, ки аз маркази ҷамоат 40 км дуртар ҷойгир шудааст, дидан намуданд. Дар муассисаи таълимии мазкур бахшида ба Иди байналмилалии “Наврӯз” мусобиқаи волейбол байни хонандагони синфҳои болоӣ ва маҳаллаҳои деҳа баргузор гардид, роҳбарияти ноҳия иштирок намуда, ҳамаи иштирокчиёнро бо омадани Наврӯзи оламафрӯз табрику муборакбод намуданд.