САҲМИ ДАСТПАРВАРИ ФУТБОЛИ НОҲИЯ ДАР ЧЕМПИОНАТИ АССОТСИАТСИЯИ ФУТБОЛИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ (CAFA)

 294 боздид

Иттилоъ медиҳем, ки аз санаҳои 24-ум то 31-майи соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ташкил ва баргузор гардид. Хурсандиовар аст, ки тими мунтахаби наврасони то 16-солаи  Тоҷикистон (U-16) бо мағлуб кардани дастаи мунтахаби Ӯзбекистон ғолиби мусобиқаи CAFA-2025 ва сазовори Ҷоми ин мусобиқот гардид.

Дар ин мусобиқа шаш дастаи мунтахаби наврасони минтақа – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон ширкат ва байни ҳам ҳунармоӣ доштанд. Тибқи манбаъ, дастаи мунтахаби наврасони кишвар таҳти роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов бори сеюм аст, ки ғолиби мусобиқаи CAFA  (дар солҳои  2022 , 2023 ва соли ҷорӣ) гардидааст.

Дар бозии ҳалкунанда дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар қувваозмоии шадид бар тими Ӯзбекистон бо ҳисоби 4:3 ғалаба намуд.

Ифтихор дорем, ки дар ин чемпионати сатҳи байналмилалӣ дастпарвари Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси футболи ноҳияи Ашт”, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Понғози Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳия, хонандаи синфи 11-и гимназияи №5 Каримзода Комрон Карим дар ҳайати дастаи яккачини тими мунтахаби наврасони то 16-солаи  Тоҷикистон (U-16) иштирок намуда, маҳорати баланди футболбозӣ нишон дод. Дар лаҳзаҳои зарурӣ ва ҳалкунанда бо зарбаи нишонраси худ туби сеюмро вориди дарвозаи тими ҳариф намуда, ба дастаи яккачини футболи наврасони Тоҷикистон заминаи мусоид ба натиҷаи ниҳоии шарафёбӣ ба ғалаба гузошт.

Каримзода Комрон Карим соли равон дар сатҳи вилояти Суғд бозингари беҳтарин дониста шудааст ва ӯ аз соли 2017 инҷониб дар муассисаи варзишии мактаби махсуси футболи ноҳия таҳти мураббӣ Дадоматов Шарафҷон Нишонбоевич машқу тамрин дорад.

Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода дар даромадгоҳи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар вазъияти тантанавӣ ғолиб дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи  Тоҷикистон (U-16), футболбози навраси умедбахши сатҳи ҷумҳуриявӣ Каримзода Комрон Каримро дар якҷоягӣ бо масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулони соҳаи варзиш ва ҷавонону наврасон пазироӣ ва бо хурсандиву хушнудӣ истиқбол намуданд.

Бо суханҳои самимӣ ғолибиятро шодбошӣ гуфта, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фаъолон, аҳли мардум, варзишгарон ва ҷавонону наврасон табрику таҳният намуда, ба ӯ ва мураббиаш Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Итминони он намуданд, ки чеҳраи номбардори ноҳия Каримзода Комрон Карим минбаъд низ бо нишон додани маҳорати баланди худ дар ҳайати дастаи Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ бо шарофати пирӯзиҳо Парчами Ватани азизи моро болову парафшонӣ  мекунад.

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.