Сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ Наврӯзро ҷашн гирифтанд

 1 115 боздид

Санаи 24-уми марти соли ҷорӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Зариф Мирдадо, сардори ШВКД дар ноҳияи Ашт Солизода Абдувоҳид, муовинони Раиси ноҳия, сардори қисмҳои ҳарбӣ, адибон ва сарбозон, Наврӯзи байналмиллал, дар қисмҳои низомии 0216 ва 14356Б таҷлил карда шуд.

Зариф Мирдадо Раиси ноҳия дар чорабинии идонаи сарбозон иштирок намуда, сарбозонро ба ҷашни Наврӯз табрик кард ва ба онҳо барору муваффақиятро таманно намуд.

Баъдан аз тарафи сарбозон ва ҳунармандони ноҳия, барои болидахотирии сарбозон барномаи фарҳангӣ пешниҳод карда шуда, дастархони идона ороста шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.