Сел роҳ ва кӯпрукҳоро вайрон кард (чандрасонаӣ)

 1 336 боздид

Бар асари боришоти зиёди борон шаби 12 ба 13 апрели соли ҷорӣ дар баъзе сойҳои ҳудуди ноҳияи Ашт сел омада, қисман роҳ ва пулҳоро вайрон намуд.

Аз ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳия маълумоти пешакӣ доданд, ки бар асари ин офати табиӣ хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда, ҳамзамон хисороти он ҳанӯз муайян нагардидааст. Аммо сели шаби 12 ба 13 апрел 4 кӯпрук дар ҷамоати деҳоти Пунук ва 4 кӯпруки дигари маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Понғозро вайрон намуд. Бар асари омадани сел тақрибан  1 километр роҳи ҷамоати деҳоти Ашт ва қисман роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Понғоз низ вайрон шудааст.

Ғолиб Саидов раиси ҷамоати деҳоти Понғоз гуфт, ки  барои бартараф кардани зарари офати табиӣ дар ҷамоат гурӯҳи корӣ ташкил гардида, бо сокинон зарари аз сел воридшударо бартараф карда истодаанд:

Баъд аз боришоти зиёди борон дар ноҳия шамоли сахт вазида, болопӯши  якчанд хонаи сокинони ҷамоати шаҳраки Шайдон ва ҷамоати деҳоти Пунукро вайрон кард.

Хотирасон менамоем, ки нимаи дуюми рӯзи 28 июли соли 2016 дар сойи ҷамоати деҳоти Понғоз сел омада буд, ки бар асари он бозори ҷамоат қисман хароб гашта, якчанд мағозаҳо пурра вайрон гардиданд. Ҳамзамон сел чандин автомобили сабукрави сокинони ҷамоатро низ бо худ бурд ва баъзеи онро дар ҷояш корношоям намуд.

Зарари расондаи офати табиии санаи 28 июли соли 2016 ба бозори ҷамоати деҳоти Понғоз ва автомобили сабукрави сокинони ҷамоат.

Саодат ИСМОИЛӢ,

Сайидои ШОДӢ  

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.