Шайдон: Мулоқот бо пайвандони ашхоси дар кофтуков қарордошта

 898 боздид

Нимаи дуввуми имрӯз, дар толори Ҷамоати шаҳраки Шайдон, бо иштироки муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, Зафар Мамадҷонов, раиси Ҷамоати шаҳраки Шайдон Рустамзода Наврӯз, бо пайвандон ва шахсони наздики ашхоси дар кофтуков қарор доштаи шаҳраки Шайдон мулоқот доир гардид.

Муовини Раиси ноҳия дар баромади худ аз иштирокдорон даъват ба амал овард, то фарзандони худро, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, ба Ватан баргардонида шаванд. Инчунин дар баромади худ, ҷиҳати татбиқ ва эзоҳи моддаҳои 401 (иловаи 1) ва 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Мавриди зикр аст, ки аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон  3 нафар дар рӯйхати ҷинояткорони дар ҷустуҷӯй қарордоштаи ШВКД дар ноҳияи Ашт қарор доранд:

  1. Яминов Иномҷон Акрамович
  2. Масаидов Пайрав Майсуфович
  3. Шамсиддинов Фирдавс Ҷамолиддинович

Ёдовар мешавем, ки тибқи нақшаи корӣ дар тамоми шаҳраку ҷамоатҳои деҳоти ноҳия вохӯрӣ бо сокинон ва хешу пайвандони шахсони дар кофтуков қарор дошта, сӯҳбату мулоқотҳо доир мегардад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.