Шайдон: Зиёда аз 100-оила бо оби нӯшокӣ таъмин гаштанд

 1 752 боздид

Дар доираи эълон гардидани соли 2017 дар қаламрави вилояти Суғд “Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ” дар маркази ноҳияи Ашт шаҳраки Шайдон дуюмин чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар расми ифтитоҳи чоҳи амудӣ роҳбарияти  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ширкат варзида, гуфт ки бунёди чоҳ ва дастрасӣ бо оби хушсифати нушокӣ минбаъд сокинони маҳаллаи Наврӯзро аз касалиҳои сироятӣ эмин медорад. Чоҳи амудии дигарро дар маҳаллаи Саричашма ба истифода дода будем, ки он ҳам дар доираи амалӣ кардани барномаи вилоятии “Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ” роҳандозӣ гашта буд.

Ин чоҳи амудӣ зиёда аз 100-оилаи маҳаллаи Наврӯзи ҷамоати шаҳраки Шайдонро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин менамояд. Барои бунёди чоҳ аз тарафи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 40 ҳазор сомонӣ, аз тарафи раиси ноҳияи Ашт 28 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо барои бунёди чоҳи амудии маҳаллаи Наврӯз 259 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.