Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Ашт

 23 боздид

Ба истиқболи 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бунёду азнавсозии беш аз 400 иншоот ба нақша гирифта шуда, имрӯзҳо дар ноҳия корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат ёфтааст.
Санаи 14 июли соли равон, Раиси вилояти Суғд ҷиҳати шиносоӣ бо рафти бунёдкориҳо ба ноҳияи Ашт сафар карда, сохтмони як қатор иншооти ҷашниро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Раҷаббой Аҳмадзода нахуст дар Ҷамоати деҳоти Понғоз бо сохтмони бинои нави беморхонаи рақами 5 ошно гардид. Бинои мазкур бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷамоати деҳоту соҳибкорону саховатмандон сохта шуда, тибқи нақша дорои 80 кат мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти соҳаи нигаҳдории тандурустӣ сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар шуда, ҷойҳои иловагии корӣ таъсис дода хоҳад шуд.
Сипас, роҳбари вилоят бо ҷараёни корҳо дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-и шаҳраки Шайдон шинос гардида, барои дар сатҳи баланд омода намудани иншоот ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини бахши сохтмон супоришҳо дод.
Бинои нави таълимӣ барои 360 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва паймонкор ҶДММ “Парвина” мебошанд.
-Маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола садҳо иншооти соҳа бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешавад, — таъкид кард Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо сохтмони кӯдакистон дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон.
Иттилоъ дода шуд, ки кӯдакистони хусусӣ ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Истамой Мадалиева бунёд гардида, дар он 100 нафар хурдсолон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Раҷаббой Аҳмадзода аз саҳмгузории соҳибкорзан дар ободии маҳал ва фарогирии кӯдакон ба зинаи аввали таҳсилот хуш истиқбол карда, ташкили кӯдакистонро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.
Раиси вилоят ҳамзамон дар шаҳраки Шайдон бо корҳои сохтмонии маҷмааи хизматрасонӣ ва коргоҳи қаннодии соҳибкорони маҳаллӣ шинос шуда, барои муҷаҳҳазсозии иншооти бунёдшаванда ва таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ тасвияҳо дод.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.