Шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳи банду басти меваи тари хоҷагии деҳқонии “Амир”

 1 088 боздид

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт, ки рӯзи 8 июн сурат гирифт, бо фаъолияти коргоҳи банду басти меваи тари хоҷагии деҳқонии “Амир”шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, роҳбарияти ҶСК “Зардолу компания”, ки фаъолияти он ба содироти меваҳои тару тоза нигаронида шудааст, коргоҳи банду басти меваи тар, аз ҷумла зардолуро бунёд намудааст. Соҳибкори маҳаллӣ Пӯлод Ашӯров бо мақсади васеъ намудани доираи фаъолият аз Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,62 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок гирифта, коргоҳи банду басти меваи тарро таъсис додааст. Ба коргоҳи мазкур ба маблағи 148 ҳазор евро таҷҳизоти замонавии “Футера” аз Италия ворид карда шуд, ки тавассути он дар як шабонарӯз метавон то 60 тонна маҳсулотро банду баст кард. Барои нигаҳдории маҳсулот инчунин сардхонаи муосир бо ғунҷоиши 200 тонна бунёд карда шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти коргоҳи мазкур дастур дод, ки барои содироти бештари меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд. Масъулини коргоҳ дар суҳбат бо Раиси вилоят қайд карданд, ки воқеан ҳам меваҳои кишвари офтобрӯяи мо дар мамлакатҳои гуногун, аз ҷумла Россия, Қазоқистон ва Белорус харидорони сершумори худро доранд.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят ба корҳои мумфаршкунии роҳи дохилии Ҷамоати шаҳраки Шайдон оғоз бахшид.

Зимни ифтитоҳи корҳои роҳсозӣ иттилоъ дода шуд, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кӯчаи ба номи Сироҷиддин Иминҷонови шаҳраки Шайдон ба масофаи 800 метр мумфарш карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.