11 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо ҷараёни омодасозии пойгоҳи обкашии рақами 1-и ноҳия шинос гардид.
Чуноне иттилоъ дода шуд, омодагиҳо ба мавсими нави обёрӣ идома дошта, барои таъмиру тармими пойгоҳи обкашӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо гардидааст.
Барои пурра омода кардани иншооти обрасонии ноҳия аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 700 ҳазор сомонӣ ва аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 100 ҳазор сомонӣ равона гардида, аз ҷониби Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят 8,5 тонна сӯзишворӣ ва 4,5 тонна равған дастрас карда шудааст.
Пойгоҳи обкашии АНС-1 пойгоҳи асосӣ маҳсуб ёфта, 18 ҳазор гектар заминҳои ноҳия маҳз тавассути он обёрӣ карда мешавад. Айни замон таъмиру тармими пойгоҳ идома дошта, ҳавзҳои обгирии он аз лойқа тоза гардида истодааст. То ин дам тавассути 5 техникаи пуриқтидор 4 ҳазор мукааб лойқа бароварда шуда, тақрибан 3 ҳазор мукааби дигар боқӣ мондааст.
Раиси вилоят барои пурра тоза кардани ҳавзҳои обгирии пойгоҳи обкашӣ ва ба кор омода намудани пойгоҳ ба масъулин супоришҳо дод. Таъкид карда шуд, ки кори кишоварзон аз аз таъминот бо оби полезӣ вобаста буда, дар мавсим фаъолияти бонизоми пойгоҳҳо ба роҳ монда шавад.