“Шоми ҷавонӣ” бо ҷавонон дар Шайдон

 1 194 боздид

20-уми май дар саҳни Муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва ҷавонони ҷамоати шаҳраки Шайдон “Шоми ҷавонӣ” баргузор гардид.

Ҷавонон дар даст Парчами давлатӣ ва нишону овезаҳои гуногунро гирифта, бо шоирҳои “Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон”, “Пайравони Пешвои миллатем”, ва “Ҷавонон ояндаи миллат” то назди бинои театр раҳпаймоӣ намуданд.

Дар чорабинии фарҳангӣ-фароғатии “Шоми ҷавонӣ”, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, беҳтарин ҳунармандони ноҳия ҳунарнамоӣ карданд. Дар “Шоми ҷавонӣ” ҷавонон, рақсу сурудхонӣ ва намудҳои гуногуни машҳқои варзиширо ба ҳозирин нишон доданд.

Ёдовар мешавем, ки барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии “Шоми ҷавонӣ”  дар ҷамоатҳои Меҳробод, Шодоба, Пунук, Понғоз, Ашт, Ошбода ва Ифтихор низ дар сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронида шуд.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.