Нимаи дуюми рӯзи 11-уми май, бо иштироки муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ ва гуруҳи кории дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Файзулло, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шокиров Ҳусейн, сардори Раёсати Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Олимӣ Марҳабо, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ва Сангалиев Маҳмуд, муттахассиси Раёсати фатвои Маркази исломӣ, Обода Каримӣ, мудири Бахши кор бо занон ва оила, Зафар Мамадҷонов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Ҷамшед Насриддинов, мудири Бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Ҳамрозода Алӣ Шодӣ мудири Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҷамоати деҳоти Ифтихор чорабинии идона бахшида ба эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” баргузор гардид.
Нахуст, Аниса Ҷалилӣ муовини раиси ноҳия, иштирокдоронро аз номи раиси ноҳия Зариф Мирдадо бахшида ба эълон гаридани соли 2017 Соли ҷавонон ва тажлили Рӯзи ҷавонон таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” муборакбод намуда, паёми табрикии раиси ноҳияро ба самъи ҳозирин расонид.
Баъдан 16 нафар ҷавононе, ки сарбаландона аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштанд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонц карда шуданд.
Дар идома аз тарафи тарбиятгирандагон ва толибилмону наврасон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. Дар қисми фарҳангӣ гулдухтарон бо рақсҳои ҷаззобу дилфиреб ва наврасон бошанд бо иҷрои машқҳои ҳарбӣ, ки ифодагари ҳисси ватандӯстӣ ва ҳимоя аз Ватани хеш мебошад, таъби ҳозиринро болида гардониданд.
Дар охир аз тарафи ҳунармандони Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев, ки бо сафари корӣ дар ноҳияи Ашт ҳузур доранд, барномаи консертӣ ба аҳли ҷамоат пешкаш гардид.
Сайидои ШОДӢ