Собиқ Раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Ашт 80-сола шуд

 767 боздид

Имрӯз, 18 декабр дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт, чорабинӣ бахшида ба 80-умин солгарди собиқ Раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои  халқии ноҳияи Ашт баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, собиқадори меҳнат, гирандаи Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Санавбар Нуриллоева, Аълочии молияи СССР, собиқ муовини Раиси вилояти Суғд оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Карамулло Одилов, аъзои Бюрои вилоятии Ҳизюи Коммунисти Тоҷикитсон Лумониддин Камолиддинов, фаъолони ноҳияи Ашт, раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, пайвандон ва хешу ақрабои соҳибҷашн Санавбар Нуриллоева иштирок доштанд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, дар баромади худ иброз дошт, ки Санавбар Нуриллоева маҳз аз ҷумлаи чунин фарзандони башардӯсту меҳанпарасте мебошанд, ки бо рафтору кирдор ва пиндори неки худ туфайли меҳнату заҳматҳои софдилонаб  содиқонаашон дар байни мардуми ноҳия ва вилоят соҳиби иззату икром гаштаанд.

-Хизматҳои арзандаи муҳтарама Нуриллоева Санавбар аз тарафи давлат ва ҳукумат қадрдонӣ карда шуда, бо Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, Медал барои “Меҳнати шоён” ба муносибати 100-солагии Рӯзи таваллуди Ленин, Медали “Собиқадори меҳнат”, зиёда аз 20 адад Сипосномаҳо ва Ифтихорномаҳо сарфароз гардонидааст.

Баъдан дар вазъияти тантанавӣ як қатор шогирдон ва хешу пайвандони собиқадори меҳнат, собиқ Раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои  халқии ноҳияи Аштро ба ҷашни мавлудашон самимона шодбош намуданд.

Санавбар Нуриллоева иброз дошт, ки ман ба халқу диёрам, чӣ қадар тавонистам хизматамро кардам. Ман халқу диёру Ватани худамро дӯст медорам, диёри Тоҷикитсон ин диёри тоҷикони тоҷдор аст. Ин диёри олимон аст. Ин диёри бузургон аст.

Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки Санавбар Нуриллоева 16-декабри соли 1938 дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, дар оилаи хизматчӣ тавлид ёфтааст. Падараш Нурилло Назаров –нахустомӯзгори ноҳия ва модараш Зубайда Ниҷарова –аввалин раиси Ҷамоати шаҳраки Шайдон буданд.

Мавриди зикр аст, ки Санаврбар Нуриллоева, ҳамчуни Инструктори Кумитаи марказии Комсомоли Тоҷикистон (1952-1962), Котиби якуми кумитаи комсомоли ноҳияи Ашт (1962-1965), директори мактаби ҳаштсолаи ба номи Абӯалӣ ибини Синои шаҳраки Шайдон (1965-1966), Котиби кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Ашт (1966-1970), бо тавсияи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон таҳсил дар мактаби олии ҳизби коммунистӣ дар шаҳри Москва (1970-1972), Котиби кумиати ҳизби коммунистии шаҳраки Гулистон (собиқ Қайроқум) (1972-1983), Раиси кумиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Ашт (1983-1993), Раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон (1998-2007) иҷрои вазифа намудааст.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.