Содироти зардолуи пешпазаки ноҳияи Ашт оғоз шуд

 1 759 боздид

Ноҳияи Ашт дар миқёси кишвар, яке аз ноҳияҳое маҳсуб мешвад, ки бо содир кардани зардолуи тар ва хушк ба берун аз Тоҷикистон машҳур гардидааст. Айни замон дар ноҳия мавсими содироти зардолуи тар оғоз гардида, аввалин қатораи содиротии ҳомили зардолуро соҳибкор Ашӯров Пулот дар таърихи 23-уми май ба Федератсияи Русия равон намуд.

Соли 2013 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Зардолу ва Кампания”, ки онро соҳибкори маҳаллӣ Ашӯров Пулот бунёд намудааст, ба истифода дода буданд. Ин коргоҳ ҳар сол зиёда аз 1000 тонна зардолуи тарро ба Русия содир менамояд. Дар баробари ин зиёда аз 40 нафар ҳамасола ба кори масвимӣ таъмин мешаванд.

Коргоҳи соҳибкор Ашӯров Пулот дорои якчанд сардхона буда, дохили он зардолу дар ҳавои гарм нигоҳ дошта мешавад. Соли ҷорӣ бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ ба ин коргоҳ техналогияи нави италиявӣ ворид гардид, ки он тариқи автоматӣ зардолуро бе осеб дидан банду баст менамояд. Ин техникаи нави банду басти зардолуи тар дар як шабонарӯз то 50 тонна зардолуро метавонад коркард намояд.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо аз коргоҳи банду басти зардолуи тар дидан карда гуфт: “Ин техникаи наву замонавӣ барои дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидори зиёд пайдо кардани зардолуи пешпазаки Тоҷикистон, ки моҳи май ба бозор мебарояд, мусоидат мекунад. Ворид кардани техникаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад,  ки соҳибкорони ноҳияи Ашт талаботи бозорҳои ҷаҳониро омӯхта, маҳсулоти кишварамонро ба талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намуда истодаанд”.

Ҳадафи асосии вориди техникаи мазкур ба ноҳияи Ашт ин зардолуро бе осеб дидан банду баст намудан мебошад. Вазифаи ин техникаро солҳои қаблӣ коргарон иҷро мекарданд ва бо сабаби зиёд ба даст гирифтани зардолу он осеб медид. Дар натиҷа зардолу то ба ҷои лозима расидан ба сиёҳ шудан оғоз мекард ва дар бозор харидор надошт. Харидорон гуфтанд, ки барои бозоргир шудани зардолуи Тоҷикистон бояд техникаи наву замонавиро истифода бурд. Агар маҳсулоти шумо ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мутобиқ нагардад дар бозор харидор пайдо карда наметавонад,-иброз дошт Ашӯров Пулот.

Дар ноҳияи Ашт аксар сокинон зардолузор доранд ва аз даромади меваи он зиндагии худро таъмин менамоянд. Ҳамасола нимаи дуюми моҳи июн ва аввали моҳи июл дар ноҳия мавсими ғун кардани зардолу фаро мерасад.

Саодат ИСМОИЛӢ  

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.