Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳия соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҷамоатҳои аз сел осебдида идома дорад.
Тавре иттилоъ дода шуд то ин дам дар сойи ҷамоати деҳтои Понғоз-Шайдон 2400 метр, дар сойи ҷамоати деҳоти Пунук 700 метр ва дар сойи ҷамоати деҳоти Ашт 4300 метр селроҳаҳо мустаҳкам карда шуданд.
Соҳилмустаҳкамкунӣ ва безарар гардонидани роҳҳои сел дар ҳудуди ҷамоатҳои ноҳия идома дорад. Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли гузашта бар асари боришоти борон дар сойи чанд чамоатҳои ноҳия сел омада буд.