СОЛИ 2019 БА РАИСИ НОҲИЯИ АШТ 2682 НАФАР МУРОҶИАТ КАРДАНД

 491 боздид

Маълум аст, ки дар як ҳафта ду маротиб: рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз ҷониби Раиси ноҳияи Ашт қабули шаҳрвандон ҷараён мегирад.

Тасмим гирифтем, муроҷиати шаҳрвандонро тайи як соли сипаришуда таҳлил намоем. Миқдори муроҷиат ва мавзӯъҳои баррасишударо пешниҳоди хонанда менамоем.

Аз ҷамоати шаҳраки Шайдон ҳамагӣ—757 нафар (хаттӣ-619, шифоҳӣ-138 н.), ҷамоатҳои деҳоти Ориён—136 нафар (хаттӣ-114, шифоҳӣ-22 н.), Ашт—244 (хаттӣ-208, шифоҳӣ-35 н.), Понғоз—421 (хаттӣ-354, шифоҳӣ-66 н.), Ошоба—546 нафар (хаттӣ-462, шифоҳӣ-84 н.), Меҳробод—150 н. (хаттӣ-124, шифоҳӣ-26), Пунук—130 нафар (хаттӣ-121, шифоҳӣ-9 н.), Шодоба—178 н. (хаттӣ-160 н., шифоҳӣ-18), Ифтихор—78 нафар (хаттӣ-70, шифоҳӣ-8 н.) муроҷиат карданд.

Ҳамчунин тариқи дастаҷамъона аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 407 муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Муроҷиатҳои такрорӣ бошад, 22 ададро ташкил медиҳанд. Тариқи вайбер ду нафар: аз ҷамоатҳои деҳоти Ашт ва Понғоз муроҷиат кардаанд.

Тибқи иттилои мудири шуъбаи умумии назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси ноҳияи Ашт Ҷамшед Маҳкамов чун ҳамешагӣ муроҷиат ҷиҳати гирифтани участкаҳои наздиҳавлигӣ (237 н.), ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (434 н.), гирифтани сертификати замин (289 н.), таъмин намудан бо ҷойи кор (100 н.),  гирифтани ёрии моддӣ (356 н.) бештар ба чашм мерасад.

Бояд гуфт, аз ҳисоби фонди захиравии Раиси ноҳияи Ашт ба 176 нафар муроҷиаткардагон ёрии моддӣ расонида шудааст.

Аз муроҷиатҳои шаҳрвандон метавон хулоса кард, ки на ҳама сокинони ноҳия аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ огоҳ ҳастанд ва аз надонистани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ аксар мувоҷеҳи мушкилиҳо гаштаанд. Арқоми  муроҷиати шаҳрвандон ҷиҳати баҳсҳои оилавӣ низ нигаронкунанда аст: 24 нафар дар ин самт муроҷиат намудаанд. Омилҳои асосии моҷароҳои оилавӣ асосан аз ҳад сахтгирии хушдоман, бехабарӣ аз ҳукуқҳои шаҳрвандӣ, вақти бунёди оила набастани аҳдномаи никоҳ, якдигарнофаҳмӣ байни арӯсу хушдоман, муҳоҷирати меҳнатӣ, хиёнат ва беандешагии волидону ҷавонон маҳсуб меёбанд.

Мавриди зикр аст, сокинони ҷамоати деҳоти Ошоба бештар аз сокинони дигар ҷамоатҳо ба назди Раиси ноҳия меоянд. Ин дарак аз он медиҳад, ки онҳо ба масъулини ҷамоати худ эътимод надоранд ва ё чанд муроҷиатҳояшон беҷавоб мондааст. Ҳамчунин метавон сабаби муроҷиати зиёди сокинони ҷамоати мазкурро дар бесарусомонӣ ҷиҳати тақсими участкаҳои наздиҳавлигӣ бозгӯ намуд, ки аз ҷониби масъулони пештараи ҷамоат содир шудааст.

Т.МИСРОБӢ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.