ТАБИБОН: МУШКИЛ БУД, АММО НАҲАРОСИДЕМ

 462 боздид

МЕҲМОНИ НОХОНДА
Охири моҳи апрели соли равон дар хотири аҳли сокинони кишвари мо ҳамчун рӯзи ҳузновар нақш баст: меҳмони нохонда дарҳои моро кӯфт.
Ҳарчанд бемории сироятии коронавирус КОВИД-19 дар дигар минтақаҳои дунё паҳн гаштаву ҳамагон аз нишонаву паёмадҳояш воқиф будем, аммо ҳар нафар умед дошту дасти дуо мебардошт, ки ин бемории марговар ба кишвари мо роҳ наёбад. Аммо афсӯс, умедҳо барбод рафтанду дуоҳо мустаҷоб нагаштанд. Ба сари мардуми Тоҷикистон низ ин бало омад.
Табиист, ки ҷиҳати рафъи беморӣ сафи аввалро табибон ишғол карданд. Рисолати муқаддаси хешро қадри имкон иҷро намуданд. Барояшон мушкилиҳо пеш омад: омода набуданд, чун бемории “ношинос” буд. Аммо бо тамоми ҳастӣ кӯшиданд, бо он дастбагиребон шаванд, беморонро ҳаёти нав бахшанд ва билохир ба қасами хӯрдаи хеш содиқ монанд.
ДАР СУҲБАТИ ТАБИБОН
Бо панҷ нафар табибоне, ки дар 14 рӯзи аввали хурӯҷи беморӣ ба табобати беморон машғул буданд, ошно гаштем. Инҳо: Зокирҷонова Муаттара, табиби амрози дарунӣ, собиқаи кориаш—40 сол, Эшматова Комила—ҳамшираи шуъбаи амрози дарунӣ, собиқаи корӣ—36 сол, Рӯзиматов Ҷасур—табиби эҳёгар, Ҳакимова Мавзуна—ҳамшираи калони шуъбаи эҳё ва мадҳушкунӣ, собиқаи корӣ—21 сол, Ҳусейнова Мавҷуда—ҳамшираи шуъбаи эҳё ва мадҳушкунӣ, собиқаи корӣ—9 сол.
Бояд зикр намуд, табиби эҳёгару ҷавон ва арзанда ба номаш Ҷасур Рӯзиматов ҳам дар “фронти аввал” ва ҳам дуюм ба муолиҷаи беморон машғул буд. Чандин нафар аз муъҷизаи дастони шифокораш ҳаёти дубора диданд.
—Аз рӯзи аввали пайдошавии беморӣ ҳамроҳи беморон будем,—гуфт М.Зокирҷонова. –Албатта мушкил буд, аммо наҳаросидем, чун вазифаву рисолати мо муолиҷаи бемор аст ва ҳадаф—солимии миллат. Баробари муолиҷа бо доруворӣ чун ҳамешагӣ аз сухани хушу умедворкунанда истифода бурдем.
—Чун бемории сироятии нав “тавлидшуда” буд, беморон низ дар воҳимаву таҳлука, ноумеду дилшикаста буданд,—ба хотир овард рӯзҳои аввалро ҳамшираи шуъбаи амрози дарунӣ Комила Эшматова. –Аз ин лиҳоз, масъулияти мо бештар буд: аз ҷиҳати равонӣ низ дастгири беморон будан.
Дар давраи дурударози дар беморхона қарор доштан, муносибати аҳли оила чӣ гуна буд?—суол кардем аз ҳамшираҳои ҷавон Мавзунаву Мавҷуда.
Гуфтанд, дар он лаҳзаҳо мо воқеан ба дастгириву ҳамдигарфаҳмии аҳли хонадон ниёз доштем ва хушбахтона моро, рисолату масъулияти моро фаҳмиданд, дилбардориву дастгирӣ намуданд. Албатта, барои ҳар яки мо душвор буд, аз оила дур будан, ба оғӯш нагирифтани фарзандон, дар карантин қарор доштан… Аммо лаҳзае аз касби интихобкарда пушаймон набудем. Сиҳат ёфтани беморон моро қувваву қудрати дигар мебахшид.
Ҳамчунин бояд гуфт, мо, табибон, дастгирии пайвастаи МИҲД-и ноҳия, саховатмандону ашхоси хайрхоҳро чӣ аз ҷиҳати моддӣ ва чӣ равонӣ эҳсос намудем, ки ин боиси ифтихору қаноатмандист.
РӮ БА РАҚАМҲО
Тибқи иттилои сардухтури беморхонаи марказии ноҳия Абдурауф Имомов айни ҳол вазъи эпидемикии ноҳия мӯътадил аст. Аз аввали ба қайд гирифтани бемории сироятии коронавирус ба беморхонаи марказии ноҳия 93 нафар беморон муроҷиат кардаву бистарӣ шуданд. Аз ин миқдор 5 нафар фавтиданд. Ҳоло дар беморхона як нафар дар табобат ва 5 нафар дар табобати амбулаторӣ қарор доранд.
Омодагии беморхонаро ҷиҳати қабул ва табобати беморон муовини сардухтур Атамҷон Мамадёров чунин арзёбӣ намуд: Айни ҳол дар беморхона 5 дона асбоби ИВЛ, 6 дона оксигенератор, 14 адад балони кислороддиҳанда, 500 кг хокаи хлор, ҳамчунин бо миқдори зарурӣ ниқобҳои яккаратаву бисёркарата, гипохлориди натрий ва калтсий, маҳлули антисептикӣ мавҷуд буда, барои расонидани ёрӣ ба беморони дар ҳолати вазнин қарордошта 13 нуқтаҳои кислороддиҳанда таъсис дода шудааст. Дар беморхонаи марказӣ барои қабули беморон 35 кат ва дар шуъбаи сироятӣ 30 кат омода карда шудааст.
НАБОЯД БЕПАРВО БОШЕМ!
—Боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо сокинони ноҳия то андозае дар самти пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 бепарво шудаанд,—гуфт сардухтури беморхона А.Имомов. –Дар ҳоле, ки мавҷи дуюми беморӣ таҳдид мекунад, мо бояд боз ҳам масъултар бошем. Бояд дар хотир дошт, бо риоя намудани қоидаҳои беҳдоштӣ на танҳо худро, балки атрофиёну пайвандон, волидон ва фарзандонамонро аз гирифторшавӣ ба ин бемории хавфнок эмин медорем.
Истифода аз ниқоб, пайваста шустани дастҳо, безарар намудани ҷойҳо, риояи фосилаи иҷтимоӣ—ин ҳама амалҳои душвор нестанд. Пас, биёед, бо риояи ин тавсияҳо ҷиҳати рафъи беморӣ саҳмгузор бошем.
ОРЗУ…
Шояд дар назари бархе хизмату ҷонфидоиҳои табибон ночиз намояд. Аммо бояд дарк намуд, ки ин замон, имрӯз кори табибоне, ки бо ин бемории хавфнок мубориза мебаранд, қобили таҳсин аст. Бо “душмани ноаён” ҷангидан, эҳсос кардан, ки шояд фардо тулӯи офтобро намебинӣ, барои ҳар бемор сухани умедбахш дарёфтан, бо либоси хеле нороҳаткунанда ба муолиҷа пардохтан, рӯзҳои рӯз надидани пайвандон—ин ҳама осон нест!
Орзу мекунем, дасти шифокори табибон дард набинад, ин бемории хатарзову ваҳмовар ҳар чӣ зуд гузарад ва дигар барнагардад!
Таҳмина МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.