Имрӯз, 14 июни соли ҷорӣ, гурӯҳи корӣ бо сардории Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо заминҳои кишти пахта ва нашъунамои пахта аз ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод, Понғоз ва Шодоба дидан намуд.
Дар гурӯҳи корӣ Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, раиси Кумитаи идораи замини ноҳия Ҳаётов Раҳматҷон, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Рафторҷон Муҳаммадиев, сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Иброҳимҷон Воҳидов, директори Идораи омори ноҳия Фурқат Иброҳимов, раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, кишоварзони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, сардорони хоҷагиҳои пахтакор ва заминсозони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, аъзо буданд.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт, дар рафти боздиди худ аз заминҳои кишти пахта дар хоҷагии деҳқонии “Латофат” ва “Равзалиев”-и Ҷамоти деҳоти Меҳробод, хоҷагии деҳқонии “Суҷҷа” ва “Орзу”-и Ҷамоти деҳоти Шодоба ва хоҷагии деҳқонии “Понғоз”, “Хуҷибак” ва “Саидғаниев”-и Ҷамоти деҳоти Понғоз, нисбат ба коркарди пахта, саривақт бо нуриҳои минералӣ таъмин нашудани заминҳои кишти пахта, суст ба роҳ монда шудани коркарди байниқатории пахта эроди ҷидди гирифта, ба масъулини ҷамоат ҷиҳати сарвақт бартараф намудани камбудиҳо дастуру супоришҳо дод.
Мақсад аз табодули таҷриба байни кишоварзони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, пеш аз ҳама тарзи дурусти кишти пахта, риоя кардани корҳои агротехникӣ, саривақт гузаронидани коркарди пахта, коркарди байниқатории пахта ва саривақт бо об таъмин намудани заминҳои пахта кишт шуда мебошад.
Баъдан машварати кории Раиси ноҳия доир гардид, ки дар он Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт ба масъулини Ҷамоати деҳоти Шодоба, Меҳробод ва Понғоз дастур дод, барои саривақт таъмин намудани оби полезӣ ба заминҳои кишти пахта, ягона кардани пахта, коркарди байниқатории пахта, тоза кардани заминҳои пахта аз алафҳои бегона ва сари вақт ҳал намудани мушкилиии кишоварзон расидагӣ кунанд.