Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Бо арзи эҳтиром ва лутфу иродат кулли мардуми меҳнатқарин ва ватандӯсти ноҳияи Ашт Шумо-Пешвои маҳбуби миллатро ба муносибати Рӯзи мавлудатон табрик намуда, тани сиҳату хотири ҷамъ, саодати рӯзгор ва шодиву сурур дар хонадон таманно менамоянд.
Боиси сарфарозист, ки ҳар фаъолияти корие, ки Шумо ҳамчун Роҳбари давлат, сиёсатмадори варзида, ҳомии сулҳу ваҳдат софдилонаву сидқан анҷом медиҳед, барои ободию пешрафти диёри маҳбуб ва халқи азизамон нигаронида шудааст.
Имрӯз мардуми ноҳияи Ашт бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз, сулҳу оромиву осоиштагӣ таҳти сарварӣ ва сиёсати хирадмандонаи Шумо-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди корҳои ободониву созандагӣ баҳри зебову обод намудани ҳар гӯшаи диёр саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Бори дигар Шумои азизу арҷманд-Пешвои муаззами миллатро бо мелодрӯзатон шодбош гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, қувваву нерӯи хастанопазир, саодати ҷовидон ва дар кори пурмашаққати давлатдорӣ комёбиву муваффақиятҳои пайваста хоҳонем!
Ҷашни мавлуд муборак бошад!