Табрикоти Раиси ноҳия муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ба муносибати иди касбии рӯзи кормандони сохтмон

 9 338 боздид

                 Муҳтарам кормандон ва собиқадорони соҳаи сохтмон!

Ҳамасола якшанбеи моҳи дуюми август дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи сохтмончиён ботантана таҷлил мегардад. Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи кормандони ин соҳаи муҳимро самимона шодбош гуфта, саломатии бардавом, барору комёбӣ ва дастовардҳои назарраси меҳнатиро таманно менамоям.

Масъалаи рушди соҳаи сохтмон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад  ҳамчун Рӯзи сохтмончиён таҷлил карда мешавад.

Дар ин давра соҳаи сохтмон ба пешрафту тараққиёти назаррас ноил гардида, имрӯз он дар рушду нумӯи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар нақши ҳалкунандаро мебозад.

Боиси қайд аст, ки бо дастуру нишондоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сохтмон рушду нумӯъ ёфта иншоотҳи бузурги аср бо тарҳи нави меъморӣ ва ҷавобгӯ ба талаботӣ ҷаҳонӣ  сохта ба истифода дода шуда истодаанд.

Сохтмон, яъне бинокорӣ як соҳаи истеҳсолоти моддӣ буда, барои дигар соҳаҳҳои гуногуни хоҷагии халқ биною иншоотҳо бунёд мнкунад.Сохтмон ва санъати меъмории халқи тоҷик таърихи бой ва хеле қадима дошта  дар ҷараёни инкишофи худ намунаҳои нодири осори меъмориро офаридааст.

 

Чуноне ки ба ҳамагон аст, биноҳоги наву замонавӣ, ки бунёд ва ба истифода дода шуда истодаанд, ҷавобгӯи касбияти сохтмончиёнро бозгӯ менамояд.Сохтмончиёни ноҳия низ дар ин кори мушкил ва пуршараф ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки ба халқу Ватани азиз хеш содиқона хизмат намоянд.

Дар охир бори дигар ба ҳамаи Шумо иди касбӣ муборак гуфта, итминон дорам, дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти рушди соҳаи сохтмони кишвар саҳми босазои худро мегузоред.

Рӯзи касбӣ муборак бошад!

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.