Табрикоти Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

 492 боздид

Ҳамватанони азиз!
Имрӯз мову Шумо, ки дар арафаи таҷлили ҷашнвораҳои бузурги таърихӣ, 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии Рӯзи ваҳдати миллӣ, яъне санаи сарнавиштсози баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил, асоси рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон ҷамъ омадаем, кулли мардуми ноҳия ва ҳамаи Шумо ҳозирини арҷмандро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу осоиш ва бахту саодат орзу менамоям.
Барҳақ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст.
Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем.”
Имрӯз бо ифтихор иброз менамоем, ки ҳар як шаҳрванди баору номуси диёр баҳри мустаҳкам гардидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи осудагии кишвар, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ, рушду тараққиёти давлат ва ободии Ватани азизамон талош менамояд.
Чӣ тавре, ки дар хотир дорем, дар солҳои 90-уми асри гузашта хатари пароканда шудани миллати тоҷик, пора гардидани он ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар пешорӯи таърихи навини мо қарор гирифта буд.
Маҳз, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон бо ин, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати кишвар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар даврае, ки барои мардуми куҳанбунёди тоҷик воқеан тақдирсоз буд, ба хотири пешгирӣ намудани фоҷеаи даҳшатнок ба имзо расонидааст ва имрӯз аз он айём 24 сол сипарӣ мегардад. Ин ҳама бисту чор соли эҳёи миллӣ, баҳамоӣ, худсозӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, сулҳу субот ва оромӣ дар таърихи давлатдориамон бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд.
Имрӯз мо бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият расем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем.
Боиси ифтихору сарбаландист, ки ба шарофати истиқлолият ва сулҳу суботи комил мо ба марҳалаи рушди устувор ворид гардидем ва ҳоло барои рӯзгори орому осуда шароити мусоид фароҳам омадааст.
Натиҷаи заҳмати содиқонаи мардуми шарифамон аст, ки имрӯз шаҳраку деҳоти ноҳия ободу зебо мешаванд ва муҳимтар аз ҳама, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ торафт беҳтар мегардад.
Дар ин муддат дар радифи корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатманд садҳо иншооти таъиноти гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Бо боварӣ зикр менамоям, ки мардуми ноҳия минбаъд низ иқдомҳои неку созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, бо меҳнати садоқатмандона дар рушди ҷомеа, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Дар ин ҷода бори дигар ҳамаи Шумоёнро ба ифтихори рӯйдоди таърихӣ ва тақдирсоз Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, дар раванди амалҳои неку созанда ба ҳамаи мардуми диёр барори кор орзу менамоям ва хоҳони онам, ки бигзор дар Ватани азизамон ваҳдати устувор, сулҳу суботи ҷовидонӣ ва дар ҳар хонадон шодиву сурур ва файзу баракат ҳамешагӣ пойдор бошад.
Ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ муборак!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.