Табрикоти Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 1 031 боздид

Муҳтарам афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан!

Имрӯз мо бистушашум солагарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани азизамон ҷашн мегирем.

Ба ин муноситбат ҳамаи шумоён ва дар шахсияти шумоён тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик менамоям.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф- ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат  ва ҷомеа гузошта шудаанд, яъне онҳо вазифаҳое буданд, ки сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар аз ҳалли онҳо вобаста буд.

Артиши миллӣ дар ҳама давру замонҳо аз талаботҳои  муҳимтарини давлатдорӣ ба шумор рафта, ба сарбозону афсарони кордону баландихтисос, интизоми баланду дониши мукаммали  ҳарбии замонавӣ дошта вобастагии калон  дорад. Ин нияту мақсадҳои олии Сарвари давлат, Пешвои миллат бори дигар дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ дарк гардид.

Дар солҳои истиқлолияти давлатии мамлакатамон дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, барои ҳифзи як порчагии марзу буми диёр, пайдории сулҳу ваҳдат ва афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият сарбаландона хизмат карда истодааст.

Имрӯз бо суханони Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон:

“Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд”

Дар айни замон роҳбари давлатамон ҷиҳати ташкили омодагии ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ, таъмин намудани онҳо ба  техникаи замонавӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат  чораҳои мушаххас меандешанд.

Бо туфайли ғамхориҳои сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияамон  дидбонгоҳои сарҳадии замонавӣ бо ҳамагуна талаботҳояш, иншоотҳои варзишӣ, биноҳои иҷтимоӣ, ошхонаю казармаҳои замонавӣ сохта шуда бо таҷҳизотҳо ва техникаҳои ҳозиразамон таъмин карда шуданд. Шароити хуби қисмҳои низомӣ, таъминоти воситаҳои лозимӣ, рафтуо ва хабаргирии онҳо аз тарафи волидайн ва пайвандон хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ баҳри ободӣ, таъмир ва сохтмони иншоотҳои варзишӣ, беҳтаршавии талаботҳои иҷтимоӣ дар қисмҳои низомии 0216 ва 14356-б доимӣ чораҳо меандешад ва дар  баргузории ҳама чорабиниҳо дар қисмҳои низомӣ ва маркази ноҳия ширкат варзида бо барномаҳои фарҳангӣ дастгирӣ мекунад. Дар муҳлатҳои муқаррар гардида дар қисмҳои низомӣ рӯзи дарҳои кушод ташкил гардида вохӯрӣ ва шиносоӣӣ хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия бо сарбозону афсарон хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

 

Боварӣ дорам, дар кори тарбия кардан ва ба воя расидани мутахассисони барҷастаи соҳаи ҳарбӣ, ҷалби ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Муссалаҳи Тоҷикистон афсарони содиқи Ватан, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия ва қисмҳои низомии дар ноҳия воқеъ буда саҳми арзанда мегузоранд, дар ҳифзи дастовардҳои Ватани азизамон содиқона хизмат мекунанд.

Чи хеле, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гаштааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлатӣ, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиявии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».

Инчунин дар Паёми сарвари кишвар таъкид гардид, ки “Ҳар як фарди ватандӯст бояд дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромиву суботи ҷомеа бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҳамкорӣ намояд”

Мо бояд шукр аз он кунем, ки дар зери осмони соф, дар ҳолати тинҷу ором зиндагӣ дорем, шукр аз он кунем, ки чунин Ватани азиз дорем!

Ҳамаи Шумо, ҳомиёни содиқи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамдиёрони азизро бори дигар ба  муносибати 26-солагии Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии мамлакат муборакбод мегӯям.

Бигзор доимо сиҳату саломат бошед, осмонамон доимо соф бошад ва дар иҷрои вазифаи муқаддас пирӯзиҳо ёратон бошад.

Идатон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.