Табрикоти Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шӯҳрат бахшида ҷашни 29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 207 боздид

Ҳамватанони азиз!
23 феврали соли 1993 барои ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо рӯзи таърихӣ аст. Зеро маҳз, аз ҳамон рӯз қадамзании музаффаронаи Артиши миллӣ оғоз гардид, ки бо ташаббусу ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт ва 23 феврали соли равон аз бунёди Артиши миллӣ, ки зодаи истиқлоли давлатӣ мебошад, 29 сол пур мешавад. Дар рӯзи ин ҷашни бошукӯҳи таърихӣ ҳамаи Шумо, тамоми ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ ва ҳар як фарди ватандӯсти ноҳияро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, осмони софу беғубор, тансиҳатӣ, хонаи ободва саодати рӯзгорро таманно менамоям.
Имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ба як ниҳоди устувору пуриқтидоре табдил ёфтааст, ки метавонад бо афсарону сарбозони шуҷоъу далер, мутахассисони баландихтисосу кордон, техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ оромиву осоиштагии давлату миллатро таъмин намояд.
Зеро, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароитҳои моддиву техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Тоҷикистон кишвари сулҳхоҳ аст ва ба ҳеҷ кишвари дунё ғараз надорад. Вале, таҳаввулоти ҳарбиву сиёсии ҷаҳон моро водор месозад, ки баҳри ҳифз ва таъмини сулҳу суботдар кишвар доимо омода бошем.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генарали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ таъкид месозанд, ки “Мо бояд зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем”.
Дар воқеъ, ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як шахси солимфикр, бо обрӯ ва нангу номуси кишварамон мебошад. Зеро, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, ба ҳар як фарди содиқ ва бо нангу номуси ин Ватан вобастагӣ дорад. Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.
Қобили қайд аст, ки саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан — Модар шоистаи таҳсин буда, онҳо дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург доранд.
Фарзандони асили ноҳия низ дар қатори ҳазорҳо ҷавонони минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ, бо садоқат ва имони комил, бо даъвати виҷдону супориши Ватан дар сафҳои Артиши миллӣ баҳри адои қарзи фарзандӣ камар бастаанд.
Имрӯз бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои Президенти мамлакат ба такмили фаъолияти қисмҳои низомӣ, беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ, интизоми ҳайати шахсӣ ва омодагии ҷангии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ баҳри ободӣ, таъмир ва сохтмони иншоотҳои варзишӣ, беҳтаршавии талаботҳои иҷтимоӣ доимӣ дастгирӣ менамояд.
Боварӣ дорам, дар кори тарбия кардан ва ба воя расидани мутахассисони барҷастаи соҳаи ҳарбӣ, афсарони содиқи Ватан саҳми кормандони комиссариат ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ минбаъд беҳтар гашта, дар ҳифзи дастовардҳои Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад.
Итминони комил дорам, ки ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ анъанаҳои шоистаи Ватан ва миллатро идома дода, бо интизоми намунавӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстиву садоқат ба савганди ҳарбӣ, ҳимояи Ватани азизамон ва марзу буми муқаддаси онро минбаъд низ сарбаландона таъмин хоҳанд кард.
Ҳамаи Шумо родмардони миллат ва муҳофизони сулҳу ваҳдатро бори дигар ба ифтихори 29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо дар адои хизмати софдилонаву садоқатмандона ва иҷрои вазифаю уҳдадориҳои ҳарбӣ пирӯзӣ ва рӯҳи матину иродаи қавӣ орзу менамоям.
Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд ва комёб бошед, ҳомиёни содиқи Ватан!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.