Паёми табрикии Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Муҳаммадзода Шӯҳрат ба муносибати Рӯзи дониш

 7 270 боздид

         Устодону омӯзгорони муҳтарам ва хонандагони гиромӣ!

 Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи дониш дар тамоми муассисаҳои кишвар саҳифаи пурарзиштарин маҳсуб ёфта, заминаи хубест, то насли кишвар тавонанд ҳарчи бештар ба донишу ҳикмат сар фуруд оварда, ояндаро равшантар гардонанд ва миллату кишварроба донишомӯзӣ ва рушду маърифати илмӣ роҳнамоӣ намоянд.

Таҷлил аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ фурсати муносибест, барои тарбияи насли ҷавон, хусусан, кӯдакону наврас, ки қадами нахустини худро ба боргоҳи донишу ҳикмат мегузоранд, то ояндаи худро бо заковату маърифат бисозанд.

Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханронии худ ба муносибати “Рӯзи дониш” таъкид карда буданд: “Бузургони гузаштаи мо донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм медонистанд.”

Бо самимияти афзун, ба устодон, донишомӯзон ва дилбастагони хирад “Рӯзи дониш”-ро табрик гуфта, ҷиҳати фатҳи қуллаҳои дониш муваффақиятҳо ва ҳамчунин, ба устодон омӯзгорон, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда мегузоранд, дастовардҳои беназир таманно менамоям.

Бояд зикр намоям, ки чун анъана ҳамасола соли нави таҳсил бо Дарси сулҳ оғоз мегардад. Зеро, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол арзиши бузург дорад. Мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққати ҷанги шаҳрвандӣ ба даст овардаанд.

Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳамияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, бахусус, наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем. Яъне рисолати аслии омӯзгорон дар ин самт аз он иборат аст, ки ба хонандагон таҷрибаи талхи миллатро омӯзонанд, то ки онҳо ба қадри истиқлолу озодӣ расанд ва барои ҳимояи ин неъмати бебаҳо омода бошанд.

Ҷавонону наврасонро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд.

Зеро вазъи имрӯзаи сайёра моро водор месозад, ки ба масъалаи ҳифзи сулҳ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат ҳамчун шарти муҳимтарини пойдории амният ва суботу оромии ҷомеа аҳамияти хоса зоҳир намоем.

Боназардошти нақши бузурги илму маърифат Ҳукумати малакат дар даврони истиқлолият масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст.

Дар ин асос ҳоло дар низоми маориф ислоҳот ва навсозӣ бомаром идома дошта, Ҳукумати кишвар барномаҳои рушди соҳаи маорифро қабул ва амалӣ карда истодааст. Вобаста ба ин, омӯзгоронро зарур аст, ки ҷиҳати омӯхтани навгониҳои илмиву таълимӣ, таҷрибаи пешқадам ва такмили маҳорату малакаи касбии худ мунтазам кӯшиш намоянд. Дар ҷараёни навсозӣ бояд ба омӯзиши фанҳои дақиқ, махсусан, риёзӣ ва табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Аз ин рӯ, мо бояд дар муассисаҳои таълимӣ сифати таълими фанҳои дақиқро баланд бардорем ва таваҷҷуҳи хонандагонро бештар ҷалб созем.

Баҳри баланд бардоштани завқи хонандагон ба касбу ҳунаромӯзӣ зарур аст, ки ба таҳсилоти иловагӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад, зеро ҳадафи он, пеш аз ҳама, рушди қобилияту истеъдоди кӯдакон ва наврасону ҷавонон мебошад.

Мо бояд на танҳо аз Маркази таҳсилоти иловагӣ самаранок истифода намоем, балки дар заминаи муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои гуногунро ба роҳ монем.

Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзгор ба маротиб зиёд шудааст.

Аз ин лиҳоз, ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин рӯҳия тарбия намояд.

Таъкидҳои Пешвои миллат дар мавриди таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу умумибашарӣ ва бо донишҳои муосир мусаллаҳ намудани онҳо мову Шумо кормандони соҳаи маорифро вазифадор менамояд, ки боз ҳам дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ бештар ба ин масъалаҳо таваҷҷӯҳ намуда, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлатро таъмин созем.

Боварӣ дорам, омӯзгорон ҷиҳати омӯхтани навгониҳои илмиву таълимӣ, таҷрибаи пешқадам ва такмили маҳорату малакаи касбии худ мунтазам кӯшиш менамоянд. Инчунин, дар риояи талаботи қонунҳои миллӣ дар бораи танзими анъана ва расму ойинҳои миллӣ ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд низ пешсафу ташаббускор бошанд.

Ҳар кадоми Шумо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки сулҳу субот ва оромиву осоиш барои ҳар кишвару миллат, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад.

Дар баробари Шумо — наврасону ҷавонони диёр ман ҳамаи кӯдаконеро, ки имсол ба синфи якум мераванд, табрик гуфта, ба онҳо саломативу умри дароз орзу мекунам ва умедворам, ки кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд.

Дар охир ҳамаи Шумо,  кулли омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияро бо оғози соли нави таҳсил- Рӯзи дониш ва ба муносибати ҷашни бузурги давлативу миллӣ-Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, тансиҳатӣ, рӯҳи қавию азми матин, фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш ва комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Рӯзи дониш муборак бошад!

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.