Табрикоти Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Муҳаммадзода Шӯҳрат ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 458 боздид

Ҳамдиёрони азиз!

Мардуми шарафманди диёр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Бахтномаи миллат ном гирифтааст, бо шодиву хурсандӣ ва рӯҳияи болида ҳамчун дастоварди бузурги сиёсӣ истиқбол мегиранд.

Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994, яке аз санаҳои муҳимтарини таърихии давлатдории мо мебошад, дар саҳифаи таърихи миллати бузургамон бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.

Мо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба қабули Конститутсияи нав овоз дода, роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намудем.

Қабули Конститутсия, дастовардҳои муҳим ва бузурги миллати сарбаланди мо ба ҳисоб меравад.

Бо қабули Конститутсия, кишвари соҳибистиқлоли мо, пояҳои низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, самтҳои асосии пешрафти ҷомеаро мустаҳкам намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд:

“Истиқлолият ва Конститутсия бо ҳам пайваст буда, якдигарро комил месозанд. Зеро, давлати соҳибихтиёр бе қонуни олӣ вуҷуд дошта наметавонад. Конститутсия ҳамчун санади олӣ ва қонуни асосӣ истиқлолияти давлатиро ба расмият дароварда, муҳимтарин самтҳои фаъолияти сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеаро инъикос ва таъин менамояд”.

28-соли риояи талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот намуд, ки давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддӣ гузашт ва дурустии мақсаду маром, вазифа ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид.

Натиҷаи дастовардҳои конститутсионӣ, ки имрӯз дар мамлакати мо сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор аст ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба бунёдкорӣ, ободиву созандагии сарзамини худ машғул аст.

Имрӯз мо ифтихор дорем, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошем. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуҳои мардумро амалӣ намуд ва халқи тоҷик дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунанд.

 

Боварӣ дорам, ки бо дастгирии сокинони меҳнатдӯст ва бонангу номуси ноҳия супоришҳое, ки роҳбари давлат дар назди мо гузоштаанд, минбаъд низ сарбаландона иҷро мекунем.

 

Барои таъмини чунин боварӣ зарур аст, ки ҳар як инсони худогоҳу ватанпараст ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ софдилонаву содиқона хизмат кунад, кору зиндагӣ намояд.

 

Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як фурсати муносибе фароҳам меорад, ки дар бораи дастовардҳои сокинони ноҳия мулоҳиза кунем.

 

Боиси хурсандист, ки сокинони ноҳияи Ашт ҷашни имрӯзаро бо нишондодҳои баланди меҳнатӣ пешвоз мегиранд. Кишоварзони ноҳия нақшаи бистрӯзаи дуюми пахтасупориро дар қатори шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят аввалин шуда, таъмин намуда, ғолиби мусобиқа гардиданд, ки ин боиси ифтихори мо сокинони ноҳия мебошад.

 

Боварӣ дорам, ки кишоварзони ноҳия бо дастгирии кулли сокинон дар мӯҳлати кӯтоҳтарин аз иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта муждаи зафар мерасонанд.

Бори дигар ҳамаи Шумо — ҳамдиёрони азизро ба ҷашни Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки номаи бахти миллатамон мебошад, самимона табрик намуда, бароятон сафои зиндагӣ, бахту иқболи баланд, осмони софу беғубор, пешравиҳои беназир ва дар кори ободониву шукуфоии Ватани маҳбубамон пирӯзиҳо таманно менамоям.

Саломату сарбаланд бошед!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.