ТАБРИКОТИ Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шӯҳрат ба муносибати таҷлили Рӯзи Ғалаба

 383 боздид

Ҳамдиёрони гиромӣ!
Ҳамасола даҳаи аввали моҳи май дар қаламрави кишвари азизамон яке аз санаҳои муҳими таърихӣ — солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин лаҳзаҳои идона, 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро ба ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат, ки дар набардҳои шадиди ин ҷанг мардонавор ширкат карда, барои таъмин намудани пирӯзӣ бар фашизм саҳми арзанда гузоштаанд, инчунин, ба тамоми мардуми ноҳияамон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар хонадон фазои орому осуда, хонаи обод ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.

Корномаи фарзандони шуҷову матиниродаи миллати мо дар ин фоҷеаи мудҳиштарин бемисл буда, дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои заррин сабт гардидааст.

Бо ишора ба ҷоннисориҳои зидди истилогарони фашистӣ, корномаи дар ақибгоҳ анҷомдода ва арҷгузорӣ ба қаҳрамониҳои фарзандони сарбаланди тоҷик дар солҳои ҷанг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид кардаанд: “Мо имрӯз ба хотири арҷгузорӣ ба азму ирода ва ҷасорату мардонагии фарзандони ҷонфидои халқи худ, ки баҳри ҳифзи Ватан ба ҷабҳаи набардҳои шадид рафта буданд ва ба кору пайкори онҳое, ки бо заҳматҳои сангини хеш дар аҷибгоҳ дар таъмини ғалаба саҳмгузор гардиданд, сари таъзим фуруд меорем.”

Аз ин лиҳоз, пос доштани хотираи неки фарзандони шуҷои Ватан, ки барои зиндагии осудаи наслҳо ҷонбозӣ кардаанд ва собиқадорони меҳнат, ки дар ақибгоҳ шабу рӯз заҳмат кашидаанд, вазифаи муқаддас ва қарзи виҷдонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Воқеан, таҷлили Рӯзи Ғалаба нишони арҷгузориву қадрдонӣ ба шуҷоату мардонагии фарзандони халқу кишварҳои гуногун мебошад, ки ба муқобили душман аҳлона мубориза бурда, зафар ёфтанд.

Бахусус, дар шароити шиддатёбии авзои сиёсии ҷаҳон, ки қувваҳои ҷудоихоҳ бо истифода аз равишҳои мухталиф оромиву суботи ҷомеаи ҷаҳониро халалдор сохтанӣ мешаванд, масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ аҳамияти хоса пайдо карда, аз ҳар як шахси ватандӯст дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ масъулияти бештарро тақозо менамояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия беҳтар намудани шароити зиндагии иштирокчиёни ҷанг ва собиқадорони меҳнат, аёдат ва ғамхории ҳамешагӣ зоҳир намудан дар ҳаққи онҳоро, ки намунаи устуврӣ, мардонагӣ ва ибрати наслҳои ҷавони миллат ҳастанд, аз вазифаҳои муҳими худ меҳисобад.

Бори дигар бо эҳтирому арҷгузорӣ диловарони Ватан, мардуми ноҳия ва ҳамаи Шумоён ҳозирини арҷмандро ба муносибати Рӯзи Ғалаба самимона табрик гуфта, сиҳатмандӣ, хотири ҷамъ, осоиштагии рӯзгор ва барору муваффақиятҳо таманно дорам.

Ҷашни пирӯзӣ муборак!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.