Бо шукргузорӣ аз истиқлолияту озодии давлату миллат, фазои орому осудаи кишвар, ваҳдату сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳар кадоми шуморо ба ифтихори 30-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи сарҳадбонони тоҷик самимона табрик мегӯям.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, “Соҳиби марзу бум ё ҳудуди муайяншуда будан дар қатори миллат, забон ва артиш яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат мебошад. Гузашта аз ин, амнияти давлат ва миллат аз сатҳи ҳимояи сарҳадоти он вобастагии мустақим дорад.”
Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки ҳоло ба як сохтори аз ҷиҳати техникӣ муҷаҳҳазу муосир ва сипари боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфтаанд, яке аз дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд ва имрӯз бо интизоми қавӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ ҳимояи Ватани маҳбубамон, ҳифзи зиндагии осоишта ва заҳмати созандагии халқи худро сарбаландона анҷом медиҳанд.
Боиси ифтихор аст, ки қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳияи мо вазифаи худро дар назди халқу Ватан сарбаландона иҷро карда, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан сазовори боварӣ ва эътиқоди мардуми ноҳия гаштаанд.
Ҳамкории мутақобилаи онҳо бо ҷамоатҳои деҳот, ҷавонону собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, волидони аскарон сол то сол беҳтар гашта, дар тарбияи насли наврас ва ҷавон дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ саҳмгузорӣ менамоянд.
Тайи солҳои охир баҳри таъмини шароити хуби хизмату истироҳати афсарону аскарони қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия, муҷаҳазгардонии қисмҳо бо лавозимотҳои зарурии ҳарбӣ, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳо андешида мешаванд.
Баҳри сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии ноҳия ҷиҳати тармим ва таҷдиду азнавсозии иншоотҳои дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, ободу зебо гардонидани ҳудуди он тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар қисмҳои сарҳадии ноҳия, бино бо таҷҳизотҳои ҳарбӣ, майдончаҳои варзишӣ, толори варзишӣ, бинои ҳаммому сартарошхона, ошхонаю анбор, мошинсарой, ҷойҳои истироҳатӣ, ҳавзи зидди сӯхтор сохта шуданд.
Ин ҳама ғамхориҳо бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳтар шудани шароити хизмати ҳарбӣ ва муҳофизати сарҳадӣ амалӣ гардида истодааст.
Боварии комил дорам, ки Шумо – афсарон интизоми қатъии ҳарбиро асоси фаъолияти ҳаррӯзаи худ ҳисобида, ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи зиндагии осоиштаи халқамон доимо омода мебошед. Бо ҳисси баланди миллӣ, малакаву таҷрибаи андӯхтаи хеш ва муносибати ғамхорона нисбат ба зердастон дар таълиму тарбияи насли далеру шуҷои Ватани азизамон заҳмати худро дареғ намедоред ва ҳамеша ба унвони баланди афсари марзбон сазовор бошед.
Боварӣ дорам, шумо минбаъд низ баҳри суботу оромӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, амнияти сокинони диёр ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ содиқона хизмат мекунед.
Бори дигар ҳамаи шумо сарҳадбонони далеру шуҷоъ ва муҳофизони марзу буми Ватани азизамонро ба ифтихори 30-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик гуфта, дар ҷодаи хизмати бошарафатон – ҳимояи марзҳои давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ва амнияти сокинони мамлакат барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошед, ҳомиёни содиқи Ватан!