ОМӮЗГОРОНИ АЗИЗ ВА ХОНАНДАГОНИ ГИРОМӢ!
Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил дар остонаи иди бузурги таърихӣ – 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро мерасад.
Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо аз самими қалб табрику муборакбод гуфта, ҷиҳати фатҳи қуллаҳои дониш муваффақиятҳо ва ҳамчунин, ба устодон омӯзгорон, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда мегузоранд, дастовардҳои беназир таманно менамоям.
Рӯзи дониш оғози фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои таълиму тарбияи насли ояндасоз мебошад. Зеро рушди ояндаи давлат, аз босаводу худогоҳ ва соҳибмаърифату ватандӯст тарбия ёфтани насли наврас вобастагӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки “Дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад”.
“Моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаҳои таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаи моддиву техникиии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем”.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ дар самти татбиқи ин сиёсати дурбинона ва маорифпарваронаи Сарвари давлат пайваста иқдом меварзанд.
Соли хониши 2025-2026 дар 75 муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла 71 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 муассисаҳои таҳсилоти асосии умумӣ, 1 литсей, 4 гимназия ва 1 муассисаи таълимии хусусӣ ба фаъолият шурӯъ менамоянд.
Ҷамъбасти соли хониши 2024-2025 нишон дод, ки сатҳи дониши хонандагон баланд гардида, дохилшавии онҳо ба муассисаҳои олӣ ва касбии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар назаррас гардидаанд.
Соли ҷорӣ 1566 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супорида аз миёни онҳо зиёда аз 90 фисадашон ба муассисаҳои олӣ ва касбии кишвар дохил гардиданд
Соли равон дар асоси квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли хониши 2025-2026 12 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, аз рӯи 10 ихтисос сазовори номи донишҷӯ гардиданд.
Яке аз василаҳои санҷиши дониши хонандагон ин иштироки бевоситаи онҳо дар олимпиадаҳо мебошад. Боиси қаноатмандист, ки хонандагони ноҳияи Ашт ҳамасола дар ин маъракаи муҳим ширкати фаъолона доранд.
Дар давоми солҳои 2022-2025 теъдоди зиёди хонандагони мактабҳои мо дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба гирифтани ҷойҳои фахрӣ мушарраф гаштанд.
Маҳз, ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбат ба мактабу маориф боис гардид, ки дар соли хониши 2024-2025 иштирокдорони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ зиёд гардида, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия соҳиби 28 медал ва 1 ҷойи ифтихорӣ гардиданд (1-медали тилло, 7-нуқра, 20-медали биринҷӣ). Ҳамзамон, дар сатҳи байналмилалӣ соҳиби 61 ҷои ифтихорӣ ва медалу диплом гардиданд, ки аз онҳо 12-медали тилло, 14- нуқра, 21-медали биринҷӣ ва 14 – ҷои ифтихорӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин раванд таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”-ро махсус таъкид намуданиам. Иҷрои ин қонун аз ҷониби ҳам падару модарон ва ҳам омӯзгорон ҳатмӣ аст. Бояд онҳо ҳамеша дар робитаи мустақим бошанд.
Муҳтарам омӯзгорон!
Боварӣ дорам, Шумо ҷиҳати омӯхтани навгониҳои илмиву таълимӣ, таҷрибаи пешқадам ва такмили маҳорату малакаи касбии худ мунтазам кӯшиш менамоед. Инчунин, дар риояи талаботи қонунҳои миллӣ дар бораи танзими ҷашну маросими миллӣ ва масъулияти барои таълиму тарбияи кӯдак низ пешсафу ташаббускор бошед. Риояи ҳатмии онро таъмин намоед.
Хонандагони азиз!
Ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ бирасед ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоед.
Ҳар кадоми Шумо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки сулҳу субот ва оромиву осоиш барои ҳар кишвару миллат, махсусан, барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад.
Дар баробари Шумо — наврасону ҷавонони диёр, ман ҳамаи кӯдаконеро, ки имсол ба синфи якум мераванд, табрик гуфта, ба онҳо саломативу умри дароз орзу мекунам ва умедворам, ки кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд.
Дар охир ҳамаи Шумо, ҳозирини гиромӣ, кулли омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияро бо оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрик гуфта, тансиҳатӣ, рӯҳи қавию азми матин, фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш ва комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
РӮЗИ ДОНИШ МУБОРАК БОШАД!