ТАБРИКОТИ Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ (27.06.2025)

 300 боздид

 

ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!

 

Имрӯзҳо бо табъи болида ва хотири ҷамъ миллати тамадунофари тоҷик дар саросари кишвари азизамон бо шарофати сиёсати ваҳдатофари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил ҷашн мегиранд.

Ба ин муносибат, фарорасии ҷашни ҳумоюн ва рӯйдоди таърихии расидан ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро сидқан шодбош гуфта, ба ҳамаи Шумо хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати рӯзгорро таманно дорам.

Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат  ба даст омадааст.

Зимни суханрониашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: “Мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои Ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи  тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем.”

Ваҳдат, сулҳ ва ягонагӣ — ин калимаҳое мебошанд, ки барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ азизу муқаддас аст.

Маънии ин калимаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле равшан шарҳ додаанд: “ Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили  сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст”.

Воқеан, ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он ибтидо мегирад.

Ваҳдат — ин беҳтарин неъмат;

Ваҳдат — ин ҳаёти инсон;

Ваҳдат — ин орзуву ормон;

Ваҳдат — ин таҳкими давлат;

Ваҳдат — ин наҷоти миллат;

Ваҳдат — ин рушди тоҷикон;

Ваҳдат — ин нумӯи даврон;

Ваҳдат — ин ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.

Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати қадимии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад.

Чӣ тавре, ки дар хотир дорем, дар он рӯзҳо хатари пароканда шудани миллати тоҷик, пора гардидани он ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли  тоҷикон дар пешорӯи таърихи навини мо қарор гирифта буд.

Имрӯз мо бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият расем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем.

Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем.

Натиҷаи заҳмати содиқонаи мардуми шарифамон аст, ки имрӯз шаҳраку деҳоти ноҳия ободу зебо мешаванд ва муҳимтар аз ҳама сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ торафт беҳтар  мегардад.

Дар ин муддат дар радифи  корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатманд даҳҳо иншооти таъйиноти гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Ин шаҳодати он аст, ки мардуми ноҳия ба Сарвари давлат эътиқоду эътимоди комил доранд ва баҳри татбиқи амалии иқдому ташаббусҳои неку созанда минбаъд низ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ин ҷода бори дигар ҳамаи Шумоёнро ба ифтихори рӯйдоди таърихӣ ва тақдирсоз Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, дар раванди амалҳои неку созанда барори кор орзу менамоям ва хоҳони онам, ки бигзор дар Ватани азизамон ваҳдати устувор, сулҳу суботи ҷовидонӣ ва дар ҳар хонадон шодиву сурур ва файзу баракат ҳамешагӣ пойдор бошанд.

 

ҶАШНИ ФАРХУНДАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.