ТАБРИКОТИ Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода бахшида ба ҷашни 32-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  (21 феврали соли 2025)

 77 боздид

 

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯзҳо мардуми сарбаланди ноҳия бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва хуррамию ободии Ватани азизамон бо кулли сокинони кишвар таҳти сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арафа ва таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Ба ин муносибат, бо самимияти афзун ва гиромидошти ин санаи муқаддас, ҳамаи Шумо — фаъолону сокинон, тамоми ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ, кормандони мақомотҳои қудратӣ ва ҳар як фарди ватандӯсти ноҳияро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳату саломатӣ, хонаи обод, саодати рӯзгор, осмони софу беғубор ва хотири ҷамъро таманно менамоям.

23 феврали соли 1993 барои сокинони кишвари соҳибистиқлоли мо яке аз рӯзҳои таърихӣ ва хотирмон аст. Зеро, маҳз, аз ҳамон рӯз бо қадамзании аввалини сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббусу ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Артиши миллӣ ташкил гардид, ки он зодаи даврони истиқлоли давлатӣ буда, ба ин рӯзи саид  32 сол пур гардид.

Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат ба як ниҳоди устувору пуриқтидоре табдил ёфтааст, ки бо афсарону сарбозони шуҷою далер, мутахассисони баландихтисосу кордон, техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ ва оромиву осоиштагии давлату миллатро пурра таъмин намояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароитҳои моддиву техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Тоҷикистон кишвари сулҳхоҳ аст ва ба ҳеҷ кишвари дунё кинаву ғараз надорад. Вале, таҳаввулоти ҳарбиву сиёсии ҷаҳон моро водор месозад, ки баҳри ҳифз ва таъмини сулҳу субот дар кишвар доимо омода бошем.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ таъкид месозанд, ки “Мо бояд зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем”.

Ҳимояи марзу буми Ватан, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ вазифаи муқаддаси на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як шахси солимфикр ва бонангу номуси кишварамон мебошад. Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву  соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар (28.12.2024сол) таъкид намуданд, ки “дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо аз ҷумлаи вазифаи муҳимтарини давлату Ҳукумат мебошад”.

Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан — Модар шоистаи таҳсин буда, онҳо дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург доранд.

Фарзандони асили ноҳия низ дар қатори ҳазорҳо нафар ҷавонон бо садоқат ва имони комил, бо даъвати виҷдону супориши Ватан дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  баҳри адои қарзи фарзандӣ адои хизмати ҳарбӣ доранд.

Имрӯз бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои Президенти мамлакат ба такмили фаъолияти қисмҳои низомӣ, беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ, интизоми ҳайати шахсӣ ва омодагии ҷангии онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доимо омода аст, ки баҳри ободӣ, беҳтаршавии талаботҳои иҷтимоӣ, таъмини шароити хуби хизмат дар қисмҳои низомӣ  дастгирӣ намояд.

Пешвои миллат бори дигар дар баромади худ таъкид намуданд, ки ҷавонон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.

Адои хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад.

Боварии комил дорам, ки ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ  дар ҳудуди ноҳия қарор дошта, анъанаҳои шоистаи Ватан ва миллатро идома дода, бо интизоми намунавӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстиву садоқат ба савганди ҳарбӣ, ҳимояи муқадасоту дастовардҳои Ватани азизамон ва марзу буми муқаддаси онро минбаъд низ сарбаландона таъмин хоҳанд кард.

Ҳамаи Шумо, родмардони миллат ва муҳофизони сулҳу ваҳдатро бори дигар ба ифтихори 32-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, ба  Шумо дар адои хизмати софдилонаву садоқатмандона ва иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳои ҳарбӣ пирӯзӣ ва рӯҳи матину иродаи қавӣ орзу менамоям.

Ҷашни 32-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад.Саломату сарбаланд бошед!

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.