Табрикоти Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода бахшида ба «Рӯзи Модар»

 261 боздид
МОДАРОН ВА БОНУВОНУ ХОҲАРОНИ АРҶМАНД!
Ҳар яки Шумоёнро ба омади фасли зебои сол баҳори нозанин ва ифтихори яке аз ҷашнҳои зебову фараҳбахш — Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, саломатӣ, бахту иқболи баланд, хонаободӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.
Зан – Модар олиҳаи зебоӣ, фариштаи меҳр ва сарчашмаву офарандаи ҳаёт, рамзи покӣ, маҳзани вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад.
Зиндагии ҳар фарди ҷомеа аз меҳру муҳаббат ва сидқу вафодории Зан – Модар маъво мегирад. Зан чароғи мунаввари хонадон, ҳидоятгари ахлоқи нек ва дастгиру наҷотбахши ҳамешагии мост.
Рушду нумӯи ҷомеа аз талошҳои пайвастаи онҳо сарчашма мегирад.
Саодату сарфарозии мардум аз меҳнати поку ҳидояти некии модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанин аст. Танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст, бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ нисбат ба эҳтирому ҳурмати Зан — Модар истода гузаштанд, ин шаҳодати саршор аз самимият буда, аҳамияти тарбиявию ахлоқӣ низ дорад, дар он дар баробари дигар масъалаҳои муҳим таваҷҷӯҳи махсус ба Зан – Модар ва насли ҷавон дода шуда буд.
Роҳбари давлат дар Паёми хеш бо меҳрубонӣ ба ин қишри пешбарандаи ҷомеа, ба занони фаъоли Тоҷикистон иброз намуда буданд, ки “Ҷомеае, ки ба Зан – Модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад.
Давлате, ки нисбат ба Модар, ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад.”
Дар ҳақиқат худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодихоҳи зани тоҷик – ин аст калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯи комёбиҳо.
Даврони соҳибистиқлолӣ занро нерӯи тозаи созандагӣ бахшид, таваҷҷӯҳу дастгирии пайвастаи Сарвари кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба зан, баланд бардоштани мақоми ӯ дар ҷомеа рукни муҳими сиёсати давлатӣ гашт.
Давлат пуштибони зан ва зан такягоҳи давлат шуд. Қабул шудани барномаву стратегияҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баробарии ҳуқуқу имкониятҳои мардону занон, танзими оила ва масъалаҳои демографӣ дар ҳаёти ҷомеа ва занон таҳаввулоти амиқ ба амал оварданд.
Бонувони мо имрӯз бо нангу номуси ватандорӣ дар соҳаҳои гуногун баробари мардон фаъолият доранд. Саҳми арзишманди онҳо ва натиҷаи заҳмати софдилонаашон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мушоҳида мегардад.
Мо ҳар яки Шумо, модарону бонувони азизро дӯст медорем, бо занону духтарони ватандӯст ифтихор мекунем ва бовар дорем, ки Шумо вазифаҳои бар дӯш доштаи худро минбаъд низ сарбаландона иҷро карда, дар рушду ободии диёр саҳми боз ҳам бештар мегузоред.
Мо ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрати модарону бонувони азиз таҳсин хонда, бовар дорем, ки онҳо дар оянда низ дар татбиқи сиёсати Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар, пешрафти ҷомеа ва ободии Ватани маҳбубамон нақши шоистаи худро мегузоранд.
Бори дигар ҳамаи Шумо, модарони мӯнису ғамхор, бонувони хушбахту сарбаланд ва духтарони боғайрату ватандӯстро ба муносибати Рӯзи Модар табрик гуфта, саломатӣ, рӯзгори обод ва иқболи нек орзу менамоям.
ИДАТОН МУБОРАК, МОДАРОНУ БОНУВОНИ АЗИЗ !

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.