Табрикоти Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

 2 016 боздид

Ҷавонони азиз!

Дар соли таърихии ҷашнвораҳои 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-ум Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамаи Шумоён ҷавонони саодатманд, нерӯи ободгари  кишвари соҳибистиқлоламон ва созандагони ояндаи ободу осудаи Тоҷикистони азизро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо иқболи нек ва комёбиву пешрафт орзу менамоямҚобили зикр аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, то ба имрӯз ҳар як иқдоми созандаи ҷавонон дастгирӣ ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳо ҳамеша қадр карда мешаванд.

      Чӣ хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.  Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони ноҳия ҳамқадами замон буда, талаботи замонаи пешрафтро хуб дарк мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар ва хориҷ илму дониш меомӯзанд ва дар раванди ободонии диёр саҳми назаррас мегузоранд. Имрӯз онҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, илму маориф, тиб ва дигар бахшҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии диёр содиқонаву софдилона меҳнат намуда истодаанд.

Дар ин радиф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамасола бо мақсади дастгирии иҷтимоии ҷавонони боистеъдод стипендияи Раиси ноҳияро муқаррар намуда, барои ба ҷавонон фароҳам овардани шароитҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ тадбирҳои зарурӣ меандешадДавоми панҷ соли охир баҳри рушди тарбияи ҷисмонӣ, баргузории чорабиниҳои варзишӣ — маърифатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ наздики 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ҳаҷми маблағгузорӣ дар ин самт сол аз сол зиёд гардида истодаастАз ҷониби соҳибкорону ҷавонони ташаббускори ноҳия то ба ҳамин рӯз 27 иншооти варзишӣ бунёду ба истифода супорида шуд, ки бо шарофати онҳо имкони ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба машқу тамрин бамаротиб беҳтар гардида, солҳои охир сафи варзишгарон дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ барои сазовори ҷойҳои намоён зиёд шуда истодааст. Эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат барои дастгирии наврасон ва ҷавонон аст, зеро дар доираи он ҳар як ҷавони илмдӯст метавонад рӯ ба омӯзиши илмҳои ҳаётан муҳим оварад ва дар рушди минбаъдаи кишвар ҳиссаи босазои худро гузорад.

 Дар баробари иштироки фаъолона дар корҳои созанда ва бунёдкорона ҷавонони моро зарур аст, ки ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, рамзҳои давлатӣ, анъанаҳои неки халқи куҳанбунёди тоҷик эҳтироми хоса зоҳир намоянд ва таърихи гузаштаи худро амиқ омӯхта, ба арзишҳои неки ниёгони хеш арҷ гузорандДар шароити торафт мураккаб гардидани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вусъатёбии таҳдиду хатарҳои нав ба амнияти давлатҳо ва сокинони сайёра, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ҷавонон бояд ҳушёру фаъол ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва манфиатҳои давлату халқи худ ҳамеша омода бошанд.

    Бо боварӣ метавон гуфт, ки Шумо аз уҳдаи иҷрои қарзи ватандорӣ ва фарзандии худ сарбаландона мебароед, арзишҳои миллиро ҳифз мекунед, амнияту оромии Ватани азизамонро шабу рӯз ҳимоя намуда, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири рушди Тоҷикистони маҳбубамон минбаъд низ саъю талош мекунед.

    Ман ифтихор мекунам, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани Парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста доранд ва ҷашни таърихии 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои беназир пешвоз мегиранд.  Бо ҳамин орзуи ниятҳои нек, бори дигар кулли ҷавонони саодатманди диёр ва ҳамаи Шумо ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик менамоям.

 Ба ҳар яки Шумо саломатӣ, бахту иқбол ва дар таҳсилу фаъолияти оянда дастовардҳои беназир  орзу менамоям.

  Ҷашн муборак, ҷавонони ояндасози Тоҷикистон!

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.