Табрикоти Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон

 389 боздид

Дӯстрӯякони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Аз рӯи анъана ҳар сол рӯзи якуми июн дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони мо ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин сана солҳост, ки дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рӯзҳои муҳим маҳбубият дошта, мо — калонсолонро ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.
Аз ин рӯ, ин санаи некро ҳамчун рӯзи баробариву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакони ҷаҳон ба ҳамаи шумо ва дар симои ҳар як кӯдаки диёр самимона табрик мегӯям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷойгоҳи кӯдакон дар мустаҳкамии оила барҳақ, таъкид доштаанд: “Кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор рафта, бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад”.
Бояд қайд кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбия ва махсусан, ҳамчун шахсони солимфикр, хушахлоқ, масъулиятшинос, ватандӯсту шуҷоъ ва соҳибмаърифат ба камол расидани насли ҷавон саҳмгузор бошем.
Дар ин замина, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои таҳти ғамхории доимӣ фаро гирифтан ва фароҳам овардани тамоми шароитҳои зарурии вобаста ба омӯзишу парвариши кӯдакони синни томактабӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир менамояд.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон натанҳо рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст. Аз ин лиҳоз, ин рӯз иди калонсолон низ мебошад. Зеро, кӯдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон дар таъмини ниёзу эҳтиёҷоти онҳо масъуланд.
Яке аз ҳуқуқҳои бунёдии кӯдакон ҳуқуқи якҷо бо падару модар зиндагӣ кардан ва дар оилаи солим тарбия ёфтан аст. Мутаассифона, имрӯз имкониятҳои тарбиявии оила то андозае суст шуда, аз сабаби оилавайроншавиҳо шумораи кӯдаконе, ки аз меҳри падарӣ ё модарӣ маҳрум шудаанд, афзудааст.
Илова бар ин, ҳолатҳое низ ба назар мерасанд, ки ба ташаккули кӯдак таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ҷумла, ҳолатҳои ба қайд нагирифтани таваллуди кӯдак то ба ҳол ҷой дошта, баъзе падару модарон танҳо ҳангоми мактабравии фарзандонашон барои гирифтани шаҳодатнома муроҷиат мекунанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Мо итминони комил дорем, ки шинохти дирӯзу имрӯзу фардо, ифтихор аз ваҳдату давлатдории миллӣ ва ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ ғамхорӣ кардан дар ҳаққи кӯдакон ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия кардани онҳо мардуми моро ба соҳили мурод мерасонад.
Танҳо набояд фаромӯш кард, ки барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо — калонсолон вобаста мебошад.
Инро бояд ҳар кадоми мо ҳамеша дар ёд дошта бошем. Яъне кӯдакро мо бояд барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода кунем. Ӯро бояд дар рӯҳи сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқи неку ҳамида тарбия намоем.
Чунонки ҳамаи шумо медонед, пас аз чанд моҳи дигар мо ҷашни бузурги таърихӣ-30-солагии истиқлоли давлатии Ватани маҳбубамонро таҷлил менамоем. Истиқлолият сарчашмаи хушбахтиву хушрӯзӣ ва сарбаландиву ифтихори тамоми мардуми кишварамон аст.
Вазифаи шумо – кӯдакону наврасони азиз ҳамчун насли хушбахти даврони соҳибистиқлолӣ ва ворисони сазовори миллату давлат дар навбати аввал азхуд кардани илмҳои замонавӣ ва технологияҳои муосир, хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, эҳтироми калонсолон, хусусан падару модарон иборат мебошад.
Ҳамзамон бо ин, шумо бояд Ватан — Модари худро бо меҳру муҳаббат ва садоқати бепоён дӯст доред, ба арзишҳои ҷовидонии миллӣ арҷ гузоред ва ниҳоят ҳамқадами замон бошед.
Бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамаи кӯдакони диёрро бори дигар ба муносибати ин иди байналмилалӣ табрик гуфта, умед дорам, ки ҳар кадоми шумо – кӯдакону наврасони азиз дар оянда сазовори номи баланди фарзандони фарзонаи миллати тоҷдори тоҷик мегардед.
Ба ҳамаатон саломативу хушбахтӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ ва осмони соф орзумандам.
Ид муборак, тифлакони хушбахт!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.